Навори видео аз дрон (ҳавопаймои начандони бузрги бесарнишин) дар саҳифаи расмии хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Facebook нашр шудааст.
Дар навор рафти корҳои сохтмон ҳам дар дохил ва ҳам дар майдони беруни гирду атрофи нерӯгоҳ сабт шудааст.
Президенти Тоҷикистон зимни машварати корӣ ба ҳукумати ҷумҳурӣ дастур дод, ки доир ба таҳияи нақшаи чорабиниҳо оид ба мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани навбати аввали нерӯгоҳи Роғун тирамоҳи соли равон тадбирҳо андешад.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун бузургтарин дар минтақа маҳсуб меёбад. Баландии сарбанди хокивц гилии нерӯгоҳ 335 метрро ташкил хоҳад дод, ки баландтарин дар саросари ҷаҳон аз рӯи навъи худ мебошад
Тибқи лоиҳа, нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз 6 агрегат бо иқтидори 600 МВт ҳар кадоме иборат аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.