Агентии машваратии Interbrand бо мақсади мушаххас кардани тағйироти арзиши бренди 15 ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ дар 19 соли охир, таҳқиқот анҷом додааст.
Аз рӯйи натиҷаҳои таҳқиқоти мазкур онҳо навори кӯтоҳе омода намудаанд, менависад ITC.ua.
“Дар як навори кӯтоҳ, ки тақрибан 6 дақиқа аст, парвози Google ва Apple, ғуруби Nokia ва дигар тағйиротҳои бозор дар 19 соли охир нишон дода шудааст”, – менависад сомонаи мазкур.