spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Натиҷагирӣ аз аксияи “Аврупоро бо Mastercard шинос”-и Казкоммерсбонки Тоҷикистон

ҶСП “Казкоммерсбонк Тоҷикистон” аз аксияи “Аврупоро бо Mastercard шинос” натиҷагирӣ намуд. Сокини шаҳри Душанбе, дорандаи корти Mastercard Азиз Ҳакимов, ки яке аз мизоҷони бонк аст, ғолиби аксия дониста шуд.

Ҷоизаи асосӣ – саёҳат ба Аврупо барои ду касро дар вазъияти тантанавӣ директори иҷроияи Казкоммерсбонк Тоҷикистон Дулат Саришов ба ғолиб тақдим кард.

“Пардохтҳои ғайринақдӣ айни замон пешрафтатарин технология дар соҳаи бонкӣ мебошанд, ки мо онро дар аксияи муштарак бо низоми пардохти Mastercard муаррифӣ кардем”, – гуфт Саришов зимни табрику таҳнияти ғолиби аксия.

Бино ба гуфтаи Дулат Саришов, аксия нишон дод, ки мардум тадриҷан истифодаи POS-терминалҳоро меомӯзад. Ғайр аз ин, дар дастрасӣ ба терминалҳо мушкилие ҷой надорад, зеро аз рӯи шумори насби POS-терминалҳо Казкоммесрбонк Тоҷикистон пешсаф буда, шумори умумии онҳо дар ҷумҳурӣ наздики 700 ададро ташкил медиҳад ва корҳои тавсеъаи шабакаи терминалҳо доимо ҷараён дорад.

“Ин натанҳо ба дорандагони кортҳои маҳаллӣ, ҳамчунин ба меҳмонони хориҷӣ низ имкон медиҳад, ки бидуни мушкилӣ аз пардохтҳои ғайринақдӣ истифода кунанд. Масалан, дар кишварҳои Ғарб 90%-и пардохтҳо дар асоси ғайринақдӣ сурат мегирад. Се соли минбаъда низ соли рушди сайёҳӣ дар кишвар эълон шуда, POS-терминалҳои мо ҳама гуна навъи кортҳои низомҳои байнулмилалии пардохт – Visa, Mastercard, American Express-ро қабул мекунад. Ояндаи наздик боз низомҳои China UnionPay, JCB ва Diners Club низ насб мешаванд. Дар масъалаи хизматгузории онҳо набояд мушкилот рӯйи кор ояд”, – илова намуд Саришов.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Қобили зикр аст, ки дар аксияи мазкур беш аз 500 нафар дорандагони кортҳои Mastercard, ки дар нуқтаҳои фурӯш ва интернет бо он аз 20 сомонӣ ва зиёдтар харид карданд, иштирок доштанд.

Ҳадаф аз баргузории он дастгирии ташаббуси давлат оид ба рушди пардохтҳои ғайринақдӣ, ҳамчунин афзоиши шумори дорандагони кортҳои пардохтӣ ва ҳаҷми амалиёти анҷомдода бо истифода аз онҳо мебошад.

Давоми 13 ҳафта ба ғолибони марҳилаи мобайнӣ13  смартфони Samsung Galaxy, аз рӯи натиҷаҳои моҳ 6 ноутбуки Lenovo ва ба ғолиби аксия як сертификати сафар ба Аврупо барои ду кас тақдим гардид. Аксия аз 17 декабри соли 2018 то 17 марти соли 2019 гузаронида шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...