Корвони аввали озмоишии иборат аз шаш автомашина аллакай аз Ӯзбекистон ба сафар баромад.
Долони нави нақлиётӣ шаҳри Тирмизи Ӯзбекистонро бо шаҳри Қошғари Чин мепайвандад. Автомашинаҳои боркаш тариқи Душанбе мегузаранд.
Корвони аввали озмоишии иборат аз шаш автомашина аллакай аз Ӯзбекистон ба сафар баромад. Он 1422 километр масофаро тай мекунад.
“Роҳандозии ин долон барои рушди ҳамкории минтақавӣ байни кишварҳо ва дастрасии мо ба бандарҳои Чин имконоти нав муҳайё месозад”, – гуфтааст дар маросими тантанавии ифтитоҳи роҳ Боймурод Эшонов, муовини раиси Ассотсиатсияи боркашонҳои автомобилии байнулмилалии Тоҷикистон.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.