Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ нақшаи ҷамъоварии андоз дар вилояти Хатлон андаке беш аз 100 фисад иҷро шуд. Аммо ин дар ҳолест, ки масъулини Раёсати андоз нақшаи се намуди андозро пурра иҷро карда натавонистанд.
Чӣ боис шуд?
Саидзода Сангин, сардори шуъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳои Раёсати андоз дар вилояти иттилоъ дод ки, дар нуҳ моҳи соли равон ба буҷет 7,1 миллион сомонӣ барзиёд ворид карданд. Аммо давоми сол андози иҷтимоӣ аз ҳисоби кормандони ғайрибуҷетӣ ба андозаи 96 фоиз, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард 68 дарсад ва андоз аз воситаҳои нақлиёт 83 дарсад таъмин шудааст, гуфт ӯ ва илова кард, ки аз ин ҳисоб ба буҷети вилояти Хатлон бештар аз 30 миллион сомонӣ ворид нагардидааст.
“Сабаби таъмин нашудани иҷроиши нақшаи андози иҷтимоӣ ин фаъолият накардани корхонаҳо ва коҳиш ёфтани даромад аз музди меҳнат мебошад. Омили иҷро нашудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард бошад, ин кам шудани хароҷоти корхонаҳо ба ҳисоб меравад. Сабаби таъмин нашудани нақшаи андоз аз воситаҳои нақлиёт, ин аз муоинаи техникӣ нагузаронидани вjситаҳои нақлиёт аст. Бино ба маълумоти шуъбаи БДА-и вилоят дар давраи ҳисоботӣ аз 40 то 45 дарсади воситаҳои нақлиёт аз муоинаи техникӣ гузаштаанду халос”, – камбуди корияшонро асоснок кардан хост С. Сангин.
Ҳамсуҳбати мо ҳамчунин гуфт, яке аз сабабҳои асосии сари вақт иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андоз ин фарҳанги пасти андозсупории як иддаи муайян мебошад. Дигар сабаб ноуҳдабароии масъулин, камтаваҷҷуҳии баъзе аз онҳо ва фаъолият накардани корхонаҳои гуногун, кам ворид шудани молу коло ба вилояти Хатлон мебошад.
Нақша кам шуд, аммо он ҳам иҷро нашуд
Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Раёсати андоз дар вилояти Хатлон даҳ шаҳру ноҳияи вилоят нақшаи ҷамъоварии андозро пурра иҷро карда натавонистанд (Бохтар 88%, Кӯшониён 94%, Вахш 89%, Хуросон 90%, Қубодиён 95%, Абдураҳмони Ҷомӣ 88%, Ҷайҳун 99%, Панҷ 86%, Шаҳритус 96% ва Лаваканд 82%).
Сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар Иззатуллозода Ҳабибулло мегӯяд, дар асоси қарори раиси шаҳри Бохтар имсол ба қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳр тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, аз нақшаи қисми даромад 7 миллиону 400 ҳазор сомонӣ кам карда шуд. “Бо ин вуҷуд, ин нақшаи қисми даромад дар маҷмӯъ 88 дарсад таъмин гардида, нақшаи ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети вилоят 79 дарсад таъмин гардидаасту бас”, – афзуд вай.
Ҳиссаҷудокунӣ аз ҳисоби буҷети шаҳри Бохтар ба буҷети вилояти Хатлон беш аз 47 миллион сомонӣ будааст.
— Сабаби асосии ба таври пурра таъмин нагардидани буҷети шаҳри Бохтар иҷро нашудани се намуди андоз, низоми махсуси андозбандӣ, андоз аз фоида ва андоз аз воситаҳои нақлиёт мебошад. Ҳамчунин вазъи мушкили иқтисодӣ дар кишвар ва хурӯҷи бемории короновирус таъсири манфии хешро ба иҷроиши буҷет расонидаанд.
Кӣ гунаҳгор?
Дар ҳамин ҳол Гуреззода Давлат, сардори Раёсати молияи ноҳияи Ҷайҳун гуфт, маблағҳои субвенсиявӣ аз буҷети вилояти Хатлон ҳамагӣ 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки 41 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Ӯ мегӯяд, 1 миллиону 564 ҳазор сомонӣ субвенсияи вилоятиро нагирифтаем. “Масъулини Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар мушовараи Вазорати молия ваъда доданд, ки то охири сол маблағҳои боқимондаро пардохт мекунем. Агар маблағҳои субвенсиявӣ пурра пардохт нашавад аз фонди ҳифзи иҷтимоӣ қарздорӣ ба вуҷуд меояд”, – афзуд вай.
Аз Сарраёсати молияи вилояти Хатлон гуфтанд, ки шаҳру ноҳияҳои Бохтар (9 миллион сомонӣ), Ёвон (2 миллион сомонӣ), Норак (3,5 миллион сомонӣ) ва Левакант (6 миллион сомонӣ) ҳиссаҷудокуниро дар назди буҷети вилоят иҷро накарданд. Ҳамзамон чанд корхонаи азим аз уҳдаи иҷроиши нақшаи супоридани андоз набаромаданд. Бо ин сабабҳо дар маҷмӯъ ба буҷети вилояти Хатлон кам не, 36 миллион сомонӣ ворид нагардид. Аз ин ҳисоб сарраёсат натавонист, ки нақшаи ҷудо кардани маблағҳои мақсаднокро ба шаҳру ноҳияҳои дататсионии вилояти Хатлон иҷро кунад.
Дар нақша ҳаст, аммо маблағ намесупорад
—Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ мо шаш намуди андозро иҷро карда натавонистем, – гуфт Муҳаммадӣ Исоев, сардори нозироти андози шаҳри Левакант ва афзуд, ки аз ин ҳисоб беш аз шаш миллион сомонӣ ба буҷет ворид нагардид. Номбурда ҳамчунин афзуд, ки дар натиҷа нақшаи ҳиссаҷудокунӣ ба вилоят ҳамагӣ 50 дарсад иҷро шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мувофиқи нақша дар як сол аз ҳисоби буҷети шаҳри Левакант ба буҷети вилояти Хатлон бояд 12 миллион сомонӣ ворид карда шавад. “Сабаби асосии ба таври пурра иҷро нашудани нақшаи андоз ва ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети вилоят фаъолият накардани чанде аз корхонаҳои шаҳр, аз қабили “Нуриҳои Осиё”, ки бузургтарин андозсупорандаи шаҳри Левакант мебошад, муайян шудааст. Ин корхона солона бояд аз 800 то 1 миллион сомонӣ андоз супорад. Аммо аз сабаби фаъолият накарданаш уҳдадориҳои хешро дар назди нозироти андоз иҷро карда наметавонад”, иттилоъ дод М. Исоев.
Коршиносон чӣ назар доранд?
Коршиноси масоли иқтисодӣ Абдураҳмон Наҷмиддинов бар ин назар аст, ки сифатнок иҷро намудани нақшаи даромадҳои буҷет яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Махсусан дар шароити имрӯзаи иқтисодиёт, ки саросари ҷаҳонро таъсири манфии буҳрони нави иқтисодӣ вобаста ба паҳн гардидани бемории сироятии COVID-19 фаро гирифтааст. Дар ин давра коҳиш ёфтани нишондиҳандаҳои иқтисодию молиявӣ пешбинӣ мегардад, махсусан вобаста ба ҳолатҳои карантинӣ кам гардидани ҳаҷми истеҳсолот, коҳиш ёфтани хизматрасониҳо, ки бевосита метавонанд таъсири худро ба иҷроиши қисми даромади буҷет расонанд.
Новобаста аз ин, мақомоти андоз, гумрук ва дигар ниҳодҳое, ки бевосита ба ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои марбут ба буҷет муваззаф мебошанд, бояд ба сифатнок иҷро намудани нақшаи қисми даромади буҷет диққати махсус зоҳир намоянд.
Ҳамчунин, дар ин шароити ниҳоят ҳассоси иқтисодию молиявӣ раванди нақшабандии қисми даромади буҷет бояд аз рӯйи имкониятҳои воқеии иқтисодию молиявии андозсупорандагон ба роҳ монда шавад. Тамоми омилҳои мусбӣ ва манфие, ки ба манбаъҳои андозбандишаванда метавонанд таъсири худро расонанд, бояд ба инобат гирифта шаванд. Дар баробари ин фарҳанги андозсупорандагон дар маҷмӯъ бояд баланд бардошта шавад. Ҳар як андозсупоранда бояд дақиқ дарк намояд, ки дар ҳолати напардохтани андозҳо эҳтимолияти сари вақт пардохт нагардидани хароҷотҳои буҷет, махсусан музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва дигар пайдо шуда метавонад.
Устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Шарифхон Саидмуродов дар робита ба пешниҳодҳои зикршуда чунин ибрози андеша кард: “Аз ҷорӣ кардани тадбирҳои субъективӣ (яъне дар шакли ҷазо ва ҳар гуна чораҳои маъмурӣ) бояд худдорӣ намуд. Чунки ин раванд ҳолатро метавонад бадтар намояд.
Ин ҳолат танҳо бо роҳи интизорӣ дар қабули кодекси нави андоз, ки дар он бештар ба дастгирӣ ва ҳавасмандии соҳибкорони хурду миёна пешбинӣ шудааст, роҳи ҳал пайдо хоҳад кард. Инчунин баланд бардоштани касбият ва одоби муоширати кормандони нозироти андози шаҳру ноҳияҳо бо соҳибкорон ва андозсупорандагон яке аз роҳҳои ҳалли масъала шуда метавонад. Чунки дар рафти пурсишҳое, ки миёни соҳибкорони вилоят соли 2013 аз ҷониби Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ гузаронида шуда буд (ҳамон вақтҳо кодекси нави андоз дар таҳрири нав қабул шуда буд), ягон соҳибкор ва сармоягузори вилояти Хатлон аз баланд будани меъёрҳои андоз шикоят накарда буд. Онҳо танҳо аз кашолкорӣ, тамаъҷӯӣ ва пешпардохтҳои андоз гиламанд буданд, ки ин ҳама ба одоби касбии кормандони нозироти андози шаҳру ноҳияҳои вилоят рабт дошт.
Дар ҳолати бартараф кардани ҳамин мушкилиҳо метавон гуфт, ки нақшаҳои андоз сифатнок иҷро мешаванд. Зеро меъёрҳои андози мо нисбат ба ҳамсоякишварҳо бартарият доранд. Масалан, агар андоз аз даромад дар Тоҷикистон 13 фоиз бошад, дар Ӯзбекистон 20 фоиз, Ҷопон 55,95, Олмон 47,5 ва ИМА 37 фоизро дар бар мегирад”.
Ҳарчанд, чанде пеш бо содир шудани як қароре нақшаи қисми хароҷот ва даромади буҷети вилоят 111 миллион сомонӣ кам карда шуда бошад ҳам, нақшаи андоз сифатнок таъмин нагардид. Ба назари коршиносон сифатнок таъмин нашудани нақшаи андоз агар аз як тараф аз масъулияти пасти иддае аз андозсупорандаҳо вобаста бошад, аз ҷониби дигар аз камтаваҷҷуҳии баъзе масъулин ва одобу касбияти онҳо вобаста мебошад. Пас бояд диққати бештар ба тарбияи кадрҳо ва ҷо ба ҷо гузории онҳо дода шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.