Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Шикояти мошинфурӯшҳои Суғд аз касодии бозор

Ҳамагирии коронавирус ба воридоту фурӯши мошинҳо таъсири сахте бар ҷой гузоштааст. Хусусан  фурӯши мошинҳои гаронарзиш хеле ба кундӣ пеш меравад. Тоҷирон дар шимолии Тоҷикистон мегӯянд, бинобар набуди харидор соли гузашта воридоти мошинҳои гаронарзишро бамаротиб кам карданд ва бо ин вуҷуд то ҳол дар фурӯш душворӣ мекашанд.

Соли 2020 барои воридкунандагони мошинҳои гаронарзиш бинобар набудани харидор зиёновар шудааст. Аҳрор Ёрматов 15 сол инҷониб аз Олмон ва кишварҳои соҳили Балтик ба бозори мошин дар Хуҷанд мошинҳои гаронарзиш ворид мекунад. Ин тоҷир ба “Азия-Плюя” гуфт тӯли солҳои пешин ин қадар зараре надида буд, ки соли 2020 дид. Вай мошинҳои “Ландкрузер-Прадо”, “БМВ”, “Тойота-Кемрӣ”, “Мерседес Е класс”-ро ба вилояти Суғд ворид мекунад.  Аҳрор Ёрматов ду сол пеш ҳудуди 100 адад чунин мошинҳоро ба Тоҷикистон ворид кард ва бино ба гуфтаи худаш харидори зиёд дошт. Аммо дар замони ҳамагирии коронавирус талабот ба чунин мошинҳо кам гашта, ҳудуди 40 адад ин мошинҳоро ворид кард, ки ҳоло ҳам қисми зиёдеро бинобар набуди харидор натавонистааст бифурӯшад.

“Оғози соли 2020, вақте коронавирус набуд савдои мошин хуб буд, дар як ҳафта ду се мошини гаронарзиш мефурӯхтам. Аз моҳи апрел ба ин тараф моҳҳо мегузарад як мошинро бо душворӣ мефурӯшам. Харидор, ки кам аст нархи мошин ҳам то ҷое арзон шуд. Мисол, ҳоло мошини истеҳсоли 2013, тамғаи “БМВ” 360 ҳазор сомонӣ арзиш дорад, як сол пеш ҳамин мошинро аз 400 ҳазор сомонӣ боло мефурӯхтам. “Мерседес 212” 165 ҳазор сомонӣ (соли 2019-185 ҳазор сомонӣ) қимат дошт”.

Аҳрор Ёрматов гуфт, ҳарчанд дар кишварҳои истеҳсолкунандаи нақлиёт арзиши мошин поён нарафтааст, аммо гоҳо маҷбур аст, ки бо нархи арзонтар мошини воридкардаяшро фурӯшад. Дар ҳоле, ки мегӯяд мошинҳои “Тойота-Кемрӣ”-ро бо харҷӣ 11-12 ҳазор доллар, “Ландкрузер Прадо”, “БМВ”, “Тойота-Кемрӣ”, “Мерседес Е класс”-ро бо қимати аз 20 то 70 ҳазор доллари амрикоӣ ворид мекунад. Чанде аз чунин мошинҳоро аз нархи воридодӣ арзонтар бо пули сомонӣ фурӯхтам, ки бар зиёни ман ҳам шуд,- мегӯяд ӯ.

"Ҳоло харидорон меоянд ва аз пули овардаамон боз арзонтар мехоҳанд, Агар ҳамин тавр идома ёбад мо аз ҳозира дида бештар зарар мебинем”.

Бозори “Мерседес Е класс” сарду “Опел” гармтар

ГАЛЛЕРЕЯ (10)










Осим як тоҷири дигар, ки дар мошинбозори Хуҷанд мошинҳои тамғаи “Опел”-ро харидаву мефурӯшад гуфт, баъзе аз намуди чунин мошинҳо, ки асосан барои корҳои заминдорӣ истифода мебаранду арзишаш то 20 ҳазор сомонӣ аст, ҳоло савдои хуб дорад. Аммо “Опел”-ҳое, ки истеҳсоли навтаранду аз 30 то 40 ҳазор сомонӣ арзиш дорад, нисбатан камхаридор мебошад.  

“Бисёриҳо ба пул муҳтоҷ шуда имсол мошин фурӯхта истодаанд. Ё ин ки ҳолатҳои иваз кардани мошинҳо зиёд шуд.  Мошинҳои “Опел-Астра”, “Опел-Зефира” аз 30 то 40 ҳазор сомонӣ арзиш дорад, камтар савдо шуда истодааст. Мошинҳои аз ин нарх гаронтар савдои боз суст дорад. Ҳоло “Опел-Караван”, ки аз 20 ҳазор сомонӣ арзонтар аст, савдои хуб дорад, ки асосан деҳқонҳо харида истодаанд”.  

Бино ба гуфти тоҷирон воридоти мошин ба бозор зиёд аст, вале на ҳама харидор дорад. Вале бозфурӯшон (перекупщик)-ҳои мошин зиёд шудааст. Асосан нархи он мошинҳое дар бозор нисбатан арзонтар шудааст, ки соли истеҳсолашон то 2000-ум аст ва солҳо дар дохил истифода шудаанд.

Касоди бозори фурӯши мошин  ва шкиояти тоҷикорон адр ҳолест, ки бино ба иттилои Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд дар ёздаҳ моҳи соли 2020 ба шимолии Тоҷикистон 16 ҳазору 744 адад нақлиёт ворид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2019-ҳудуди 3 ҳазор адад зиёд аст. Аз ҳама бештар мошини сабукрав ворид шудааст, ки 11 ҳазору 964  адад мебошад. Аҳмадҷон Бобоев сардори шӯъбаи ташкили назорати гумрукӣ ба “Азия Плюс” гуфт, ки дар замони ҳамагирии коронавирус ва бӯҳрони иқтисодӣ тоҷирон воридоти  мошинҳои гаронарзишро кам намуда, асосан ба воридоти мошинҳои нисбатан арзонтар рӯй оварданд.

“Мошинҳои “Мерседес E-класс” ва дигар мошинҳои гаронарзиш воридоташ камтар шуд. Мисол соли гузашта арзиши гумрукии як Мерседес 8 ҳазор сомонӣ бошад, имсол 7 ҳазору 600 ё 7 ҳазору 200 сомонӣ шудааст. Мошини “Опел-Асра G” агар як соли пеш дар бозори дохилӣ 40-45 ҳазор сомонӣ буд, ҳоло 30-35 ҳазор сомонӣ аст. Вобаста ба пастравии нархи мошин дар бозори дохилӣ арзиши гумрукӣ низ кам шуд”.

Ба иттилои ин манбаъ арзиши гумрукии мошинҳои воридшуда дар ёздаҳ моҳи соли гузашта 65 млн 780 ҳазору 53 доллари ИМА-ро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли 2019 4 млн 902 ҳазору 620 доллари амрикоӣ кам аст. Соли 2019 арзиши гумрукии нақлиёти воридшуда 70 млн 682 ҳазору 673 доллари ИМА-ро ташкил дод. Тоҷирон мегӯяд, он сол бозори мошин гарм буд аз ин рӯ бештар мошинҳои гаронарзишро ворид мекарданд, ки арзиши гумрукии чунин мошинҳо зиёдтар мебошад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Translations:

Related articles

spot_imgspot_img

Join us on social media!

Новости компаний

Новости компаний

Company News

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

LATEST NEWS

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...