Ҳамасола дар поёи сол ва ё ба таъбири иқтисодӣ дар оғози соли молӣ буҷаи давлат аз сӯйи ҳукумати иҷроия таҳия ва аз сӯйи порлумони кишвар қабул мешавад. Таҷрибаи қабули тарҳи буҷа ё қонуни буҷа дар кишварҳои ҷаҳон гуногун аст. Дар бисёре аз кишварҳо тарҳи буҷаро порлмуон чанд бор бозпас мегардонад. Дар Тоҷикистон ин таҷриба вуҷуд надорад.
Буҷаи соли 2021 ҳам дар порлумон бе баҳси ҷиддие қабул шуд. Дар баробари вуҷуд надоштани таҷрибаи баҳси порлумону ҳукумат бар сари тарҳи буҷа, ҳамчунин таҷрибаи ҳисоботдеҳӣ аз масрафи буҷа ҳам дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Ҳарчанд тибқи қонунгузории дохилӣ ва масъулиятҳои байналмилалӣ ҳукумат масъул аст, ки доир ба масрафи буҷа ҳисоботи муфассал бидиҳад.
Шаҳрвандон чӣ назар доранд?
Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”, бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст.