Соли 2020 ба Тоҷикистон ҳудуди 900 ҳазор тонна гандум ва 80 ҳазор тонна орд ворид карда шуд, хабар медиҳад Хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумати ҶТ.
Дар муқоиса бо соли 2019 ҳаҷми воридоти гандум ба андозаи 19,1% ва орд – 4,8% зиёд шуд.
Нархи 1 тонна гандуми воридшуда ба ҳисоби миёна 243 доллар ва 1 тонна орд – 261 долларро ташкил дод.
Ба воридоти гандум 95 субъект ё худ ширкатҳо ва орд – 50 субъект машғул шуданд.
Наздики 94%-и гандум аз Қазоқистон ва қисмати боқимонда аз Русия ва Ӯзбекистон ворид шудааст. Воридоти орд аз Қазоқистон қариб 95%, Русия – 5% ва Ӯзбекистон – 0,3% сурат гирифтааст.
Дар Тоҷикистон соли гузашта 864 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ шуда, истеҳсоли орд бо назардошти гандуми худӣ ва воригардида, зиёда аз 830 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, соли 2020 арзиши маҳсулоти нонӣ дар ҷумҳурӣ қариб ба андозаи 14% боло рафт.
Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ инро болоравии нархи орду гандум дар кишварҳои содиркунанда маънидод мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.