Соли 2020 дар Тоҷикистон ҳудуди 1,4 млн метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, хабар медиҳад Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати ҷумҳурӣ.
Инчунин соли гузашта барои 13,5 ҳазор нафар хонандагон мактабҳои нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, барои қабули 436 нафар дармонгоҳҳо ва беморхонаҳо бо 577 кат мавриди истифода қарор гирифтанд.
Соли 2020 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба корҳои сохтмон ҳамагӣ зиёда аз 11,6 млрд сомонӣ (беш аз 1,1 млрд доллар бо қурби миёнаи соли 2020) сармоягузорӣ равона гардид.
Барои баргузории ташхиси давлатӣ соли гузашта 658 лоиҳа пешниҳод шуд, ки 538-тоаш аз ташхис гузашта, 115-тоаш мавриди баррасӣ қарор доранд ва 3 лоиҳа бекор шуда, баррасии 2 лоиҳаи муваққатан боздошта шудааст.
Айни замон таҳияи нақшаҳои генералии 65 шаҳру навоҳии кишвар ба охир расида, бо қарорҳои ҳукумат қабул шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.