Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро ба андозаи 0,25 банди фоизӣ – аз 10,75% то ба 11%-и солона боло бурд.
Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пуливу қарзӣ рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта чунин тасмим гирифта шуд, хабар медиҳад шуъбаи матбуоти БМТ.
Дар шарҳи қарор қайд мешавад, ки чунин қарор бо назардошти афзоиши фишори таваррум ва нигаҳдории нарху тарифҳо дар давраи миёнамуҳлат дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок қабул шудааст.
Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои соли 2021 аз ҷониби Бонки миллӣ чун соли пешин дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) муқаррар шудааст.
Ёдрас мекунем, ки давоми соли 2020 Бонки миллӣ меъёри бозтамвилро ду маротиба поин бурд: охири моҳи апрел аз 12,75% то ба 11,75% ва охири моҳи июл – то ба 10,75%-и солона.
Ёдрас мекунем, ки сатҳи таваррум дар соли гузашта 9,4%-ро ташкил дода, маҳсулоти хӯрокворӣ нисбатан (ба андозаи 13%) қимат шуд.
Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ бозтамвил меъёри фоизие шуморида мешавад, ки бар асоси он бонки марказии кишвар ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз дода, онҳо дар навбати худ, барои соҳибкорӣ ё дигар эҳтиёҷоти шахсӣ ба аҳолӣ қарз медиҳанд. Мутаносибан, чӣ қадар меъёр баланд ё паст бошад, ҳамон қадар фоизҳои қарз дар бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ баланд ё паст мешаванд.
Меъёри бозтамвил воситаи танзими пуливу қарзӣ буда, тавассути он БМТ ба меъёрҳои бозори байнибонкӣ ва меъёрҳои қарзу депозит, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ дода мешаванд, таъсир мерасонад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.