Беш аз нисфи қарзҳои амалкунандаи аз ҷониби Бонки давлатии “Амонатбонк” додашуда барои тиҷорат ва истеъмол гирифта шудаанд.
Дар сохтори сандуқи қарзии “Амонатбонк” ҳиссаи тиҷорат 28,7%, истеъмол – 22,7%, кишоварзӣ – 17,5%, саноат – 10,9%, нақлиёт – 8,7%, сохтмон – 7,9%, сайёҳӣ, тандурустӣ ва хӯроки умумӣ – 3,6%-ро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми сандуқи қарзӣ (бақияи қарзҳо)-и “Амонатбонк” ба аввали соли ҷорӣ ба 966,3 млн сомонӣ расид. Ҳудуди 40,8 ҳазор нафар то ҳол қарздорони ин бонк боқӣ мемонанд.
Имрӯз меъёри фоизи қарзҳои “Амонатбонк” бо асъори миллӣ 18-24%-и солона ва бо асъори хориҷӣ – 10-12%-и солонаро ташкил медиҳанд.
“Амонатбонк” айни замон ҳудуди сеяк (30,5%)-и ҳиссаи низоми бонкии кишварро дар даст дошта, дар сафи пеши бонкҳои низомсозӣ ҷумҳурӣ мебошад, ки миёни онҳо “Ориёнбонк” ва “Бонки Эсхата” низ ҳастанд.
Соли 2020 дороиҳои “Амонатбонк” қариб ба андозаи 20% афзуда, ба аввали соли равон 4,9 млрд сомониро ташкил доданд. Қариб дар ҳамин ҳаҷм уҳдадориҳои бонк низ дар соли гузашта зиёд шуда, акнун ба 4,5 млрд сомонӣ баробаранд. Сармояи бонк пас аз афзоиши соли пешин ба миқдори 6,8% то аввали соли равон ба 458 млн сомонӣ расид.
Соли 2020-ро “Амонатбонк” бо 51,3 млн сомонӣ фоидаи соф ба охир расонид, ки 22% зиёдтар нисбат ба соли 2019 мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.