ШСХК “Барқи тоҷик” бо ширкатҳои электроэнергетикии Афғонистону Ӯзбекистон дар бораи таҳвили барқ ба ин кишварҳо дар соли 2021 созишномаҳо ба имзо расонид.
Мувофиқи қарордодҳо, дар мавсими баҳору тобистон ба Ӯзбекистон ҳудуди 1,5 млрд кВт/соат неруи барқ интиқол дода мешавад, хабар дод муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода 17 феврал зимни нишасти хабарӣ.
Ба гуфтаи ӯ, таҳвили барқ ба ин кишвар дар оғози мавсими тирамоҳу зимистон қатъ гардида, бо кофӣ шудани маҷрои об дар дарёи Вахш барқарор мешавад.
Зикр шуд, ки айни замон Афғонистон дар ҳадди камтарин (минималӣ) аз Тоҷикистон барқ мегирад.
Асозода таъкид дошт, ки хатҳои интиқоли барқ бо Афғонистон барои коршоям буданашон тамоми сол доимо зери ҷараён нигоҳ дошта мешаванд.
Ӯ қайд кард, ки айни замон ҳамарӯза аз Тоҷикистон ба Афғонистон то 1,2 млн кВт/соат неруи барқ интиқол дода мешавад, ки тақрибан ба 2,5% аз ҳаҷми умумии барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда баробар аст.
Намояндаи “Барқи тоҷик” изҳор намуд, ки аз моҳи апрели ҳамин сол 8 баробар зиёд кардани ҳаҷми интиқоли барқ ба Афғонистон ба нақша гирифта шудааст.
“Барои ҳар як киловатт барқи Тоҷикистон Афғонистон 3 сент (бо хати интиқоли барқ (ХИБ)-и 110 кВ) ва 4,5 сент (бо ХИБ-и 220 кВ) пардохт мекунад”, – гуфт ӯ.
Тибқи маълумоти “Барқи тоҷик”, дар муқоиса бо як соли пешин (соли 2019), соли 2020 бо сабаби норасоии захираҳои обӣ ҳаҷми содироти барқ ба андозаи беш аз 48% кам шуда, аз рӯйи натиҷаҳои соли гузашта ҳамагӣ 1,6 млр кВт-соатро ташкил дод.
Дар назар аст, ки то охири соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар зиёда аз 3 млрд кВт/соат неруи барқ содир карда шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.