spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Завқизода: МОИ ба маблағи ҳудуди 200 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд

Соли 2020 дар корхонаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и ҷумҳурӣ ба маблағи 199,8 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, хабар дод дар вохӯрӣ бо журналистон рӯзи 19 феврал вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар МОИ-и кишвар зиёда аз 1090 ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудааст.

“Ҳаҷми сармоягузорӣ дар МОИ то соли 2020 43,3 млн сомониро ташкил дод, ки 24,3 млн сомонӣ ба минтақаи “Данғара”, 16,9 млн сомонӣ – ба “Суғд” ва 2,1 млн сомонӣ – ба “Панҷ” рост меояд”, – иброз дошт Завқизода.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар 72 корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 30-тои онҳо дар МОИ “Суғд”, 25-то – дар “Данғара”, 11-то – дар “Панҷ”, 5-то – дар Ишкошим” ва 1-то – дар “Кӯлоб” фаъолият доранд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
МОИ “Данғара” аз ҳама зиёдтар сармоягузории мустақим гирифт

Аз шумори умумии субъектҳои сабтшуда 25 корхона ба фаъолияти истеҳсолӣ ва содиротиву воридотӣ машғуланд. Ширкатҳои боқимонда корҳои сохтмон ва воридоти таҷҳизоти истеҳсолиро анҷом медиҳанд.

Таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2005 оғоз гардида буд. Он замон зикр шуд, ки ин минтақаҳо барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ, ҷорисозии технология ва таҷрибаи идоракунӣ, бунёди зербинои муосири истеҳсолӣ, таъмини бештари бозори дохилӣ бо молу маҳсулот ва беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум таъсис дода мешаванд.

Соли 2008 расман эълон шуд, ки дар ҷумҳурӣ 4 минтақаи озоди иқтисодӣ – “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ” ва “Ишкошим” таъсис дода мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...