Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо хонум Пратибха Меҳта, намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ ) дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, дар ҷараёни вохӯрӣ вазир оид ба чораҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ва таъсири он ба соҳаи иқтисоди миллӣ маълумот дод.
Гуфта мешавад, ҳамзамон Завқизода дархост намуд, ки кумаку дастгириҳои БРСММ ва зерсохторҳои онҳо барои амалӣ намудани ҳадафу афзалиятҳои стратегии ҳукумати Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ бештар равона карда шаванд.
Дар навбати худ хонум Пратибха Меҳта, намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон масъалаи мазкурро қобили дастгирӣ шуморида, омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ва ҷалби маблағҳои бештарӣ грантӣ барои татбиқи барномаҳои давлатии Тоҷикистон изҳор намуд.
Зикр мегардад, ки аз натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо барои пешгирии оқибатҳои паёмадҳои пандемияи коронавируси COVID-19 ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, дастгирии Барномаи қолабии СММ оид ба рушд (ЮНДАФ), мусоидат барои низоми моделсозӣ ва дурнамосозии макроиқтисодӣ, амалишавии Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содирот дар ҶТ барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи иқтисоди рақамии ҶТ барои солҳои 2021-2025 баён намуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.