spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Фурудгоҳи Хуҷанд аз ҳукумат барои баргардонии қарзҳояш муҳлат хост

Дар пайи коҳиши бесобиқаи даромад ва якбора афзудани зарари пулӣ Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд бо ирсоли номае аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст беш аз 16 миллион сомонӣ қарзи андозро, ки натавонист соли гузашта рӯйпӯш кунад то ба соли 2024 тамдид намояд. Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд соли 2020-ро бо зиёни молии беш аз 6 миллион сомонӣ ҷамъбаст кардааст, ки  аз музди меҳнати кормандонаш низ даҳҳо ҳазор сомонӣ қарздор аст.

Ғафурҷон Абдулоев, сардори хадамоти молия ва иқтисоди Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд мегӯяд, ин қарзи андоз аз натиҷаи молиявии соли 2019 аст. Ва баъди хурӯҷи бемории коронавирус ва манъи парвози ҳавопаймоҳо аз оғози моҳи апрели як соли пеш то ба ҳол наметавонанд пардохт кунанд. Ин қарз аз ҳисоби фоида беш аз 9 миллион сомонӣ ва дивидент 7 миллиону 400 ҳазор сомонӣаст, ки мебоист соли 2020 ба мақомоти андоз месупориданд.

Фурудгоҳ дар пайи манъи парвози ҳавопаймоҳо аз моҳи март то ба ноябр фаъолияти мунтазам надошт ва солро бо камомади даромаднокии тахмин ба 123 миллион сомонӣ ҷамъбаст кардааст. Давоми як соли ахир ин бори дуюм аст, ки масъулини фурудгоҳ аз ҳукумат тамдиди қарзҳои андозиро мепурсанд. 

“Аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон барои танҳо андозҳои  ҷаримаю фоизҳое, ки пешпардохт мешуд аз 1-уми апрел то 1-уми сентябр тамдид карда буданд. Лекин мо боз мактуб пешниҳод кардембарои тамдид намуданӣ қарзҳое, ки баъди даври ҳамин касали пайдо шуд. Ҳоло ин мактуби моро омӯхта истодаанд ва ба фикрам бояд ёрдам кунанд. Соли 2019 натиҷаҳои молиявии мо бисёр калон буд ва даромади солона ба 169 млн сомонӣ баробар буд. Ҳамин 16 млн сомонӣ, қарзи андоз аз фоида ва дивидент ба давраи пандемия рост омад, шароити кор, ки набуд пардохт карда натавонистем”.

Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд яке аз азимтарин андозсупорандаи шимолии Тоҷикистон аст, ки соли 2019 ба буҷа 41 миллиону 755 ҳазор сомонӣ андоз супурида буд. Вале ин омор соли гузашта то ба 5 миллиону 710 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфтааст, ки дар муқоисаба соли 2019 36 миллиону 45 ҳазор сомонӣ пардохти андоз кам шудааст.

Як манбаъ аз Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд гуфт, соли гузашта натанҳо дар пардохти андоз мушкил пеш омад, балки натавонистанд қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР), ки дар доираи лоиҳа борои муҷаҳҳазгардонии техникии аэродроми фурудгоҳ ҷудо шуда буд баргардонанд. БАТР барои анҷоми ин корҳо ба фурудгоҳ 4 млн 174 ҳазор сомонӣ муодили 369,4 ҳазор доллари амрикоӣ қарз дода буд ва соли гузашта 3,6 миллион сомонии қарзро рӯйпӯш карданд.

Вале дар баргардонидани 369 ҳазор сомонии дигар, ки ба замони пандемия иттифоқ афдод мушкил пеш омадааст ва дар ниҳоят БАТР бори нахуст то апрели соли 2021 ва баъдан то соли 2022 ин қарзро тамдид кардааст.

350 ҳазор сомонӣ қарзи кормандонро медиҳем

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қурбони Алимардон

Қурбони Алимардон, директори Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд зимни як нишасти хабарӣ гуфт то моҳи марти соли 2020, ки фурудгоҳ мунтазам кор мекард аз андозу музди меҳнат қарздор набуд ва солона то 46 миллион сомонӣ пешпардохти андоз дошт.

Вале бино ба гуфти ӯ баъди манъи парвозҳо маҷбур шуд шурӯъ аз моҳи март аз шумори беш аз 800 нафараи кормандонаш 70 дарсадро ба рухсатии бемузд ҷавоб диҳад. Вай гуфт ду моҳи ахир фурудгоҳ 20-30% ба кори қаблӣ оғоз кард ва дар ин давра алакай чанд парвози чартерӣ анҷом дода шуд. Қурбони Алимардон гуфт, кормандонашро бемаош намемонад.

“Мо қариб тамоми маблағи музди меҳнати кормандонро додем ва фурудгоҳ танҳо аз кормандон 350 ҳазор сомонӣ аз музди меҳнати моҳи ноябр қарздор аст. Мардума мо бемаош намемонем, намегузорем, ки дар хона нишинанд. Аз моҳи март то моҳи ноябр кор накардем ва ҳоло кам кам хатсайрҳои чартрети оғоз шуд, ки маблағи мардумро дода истодаем”.

Дар ҳамин ҳол  Давлатшо Шобутолибов, муовини директори фурудгоҳ гуфт онҳо дар пайи манъи парвозҳо маҷбур 30 дарсади кормандон, ки ҳамагӣ 140 нафаранд барои бехатарии парвозҳо ва назорати биноҳои фурудгоҳ нигоҳ доштанд. Ва ҳоло аз шумори умумии 824 нафараи корманд 330 нафарро ба кор дигарбора ҷалб карданд.

“Вобаста ба он ки хатсайрҳо барқарор ва зиёд шавад мо ҳамаи кормандонро ба кор даъват мекунем. Пеш мукофотпулӣ медодем, мисол агар 2000 сомонӣ моҳона маош гирад мо  боз иловатан 2000 сомонӣ мукофотпулӣ  медодем, лекин ҳозир онро дода наметавонем. Аммо маблағи музди меҳнатро ба пуррагӣ медиҳем”.

Феълан боз ҳудуди 500 нафар кормандони Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд, ҳудуди як соли ахир дар рухсатии бемуз қарор доранд ва роҳбарияти фурудгоҳ мегӯяд, бо хуб шудани вазъи молиявӣ онҳоро ба кор бармегардонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...