Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон моҳи январи соли ҷорӣ зиёда аз 408 млн долларро ташкил дод, ки 40% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад, хабар медиҳад Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон.
Коҳиши гардиши молу маҳсулот бо сабаби коҳиши содирот ба вуҷуд омад: моҳи январ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи ҳамагӣ ҳудуди 89 млн доллар молу маҳсулот содир шуд, ки 76% камтар нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта аст.
Ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба кишвар дар моҳи аввали имсол ба маблағи наздики 320 млн доллар сурат гирифтааст, ки 3,2% зиёдтар нисбат ба моҳи январи соли гузашта мебошад.
Савдо дар ин давра бо кишварҳои хориҷи дур ба андозаи 65% кам шуда, бо кишварҳои хориҷи наздик (кишварҳои пасошӯравӣ) баръакс, моҳи январ гардиши мол қариб 22% афзуд.
Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Қазоқистон маҳсуб меёбад, ки ҳаҷми савдо бо он дар моҳи январ 86 млн долларро ташкил дод. Ҳаҷми савдои дуҷониба бо Русия ҳудуди 80 млн доллар, Ӯзбекистон – 65 млн долларро ташкил дода, гардиши молу маҳсулот бо Чин то 35 млн долллар поин рафт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.