spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Нигаронӣ аз мошинҳои куҳна: манъ шудааст, аммо ҳанӯз ҳам ворид мекунанд

Раёсати минтақавии гумруки вилояти Суғд аз ошкору нигаҳдории наздик ба сад автомобили тамғаи гуногуни сабукрав хабар дод, ки воридоти онҳо ба қаламрави Тоҷикистон манъ шудааст. Соли истеҳсоли ин мошинҳо то 2005 буда, феълан дар амборҳои махсуси ин ниҳод нигоҳдорӣ мешавад.

Аҳмадҷон Бобоев, муовини якуми сардори ин Раёсат ба “Азия-Плюс” гуфт онҳо ин миқдор нақлиёти сабукравро соли гузашта ҳангоми ворид намудан ба марзи Тоҷикистон боздошт кардаву то ба ҳол дар амбор нигаҳ медоранд. Ӯ гуфт соли истеҳсоли мошинҳо то соли 2005 буда, воридоташон ба қаламравӣ кишвар манъ шудааст. Мақомоти гумрук аз соҳибони ин нақлиёти сабукрав хостааст дар доираи қонун ва талаботи гумрукӣ барасмиятдарории чунин воситаҳои нақлиётро ба танзим дароран, ки имконпазир шудааст.

“Он воситаҳои нақлиётие, ки ба беруни марзи Тоҷикистон бароварда намешавад, тибқи талаботи низоми гумрукӣ бо аризаи худи соҳибмулк ва иҷозати ӯ аз ҷониби мақомоти гумрук нобуд карда мешавад. Дар ин ҳолат ҳамчун қисмҳои эҳтиётӣ барасмиятдарорияшро таъмин карда, пардохтҳои гумрукияшро бояд соҳибмулк супорад”.

Дар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2018 воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005 ба қаламрави кишвар манъ шудааст. Дар сурате, ки аз воридшавии чунин намуди нақлиёт ҷилавгирӣ мешавад мақомоти гумрук дар амборҳои махсус нигаҳ медорад ва дар ҳолати зарурӣ ва бо иҷозаи худи соҳиби мошинҳо бозсодирот ё худ реэкспорт карда мешавад.

Чанд рӯз пештар сардори Раёсати минтақавии гумруки Суғд Баҳром Исматуллозода зимни як нишасти хабарӣ  аз он нигаронӣ намуд, ки бо вуҷуди манъ шудани ин гуна мошинҳо ба ҳудуди Тоҷикистон ҳанӯз ҳам шахсони ҷудогонае боздошт мешаванд, ки бо ҳар роҳу восита чунин нақлиётро ворид мекунанд.

Вай гуфт, соли 2018 бо дархости соҳибкорон мақомоти гумрук дар ҳолати истисноӣ қисме аз 1318 адад воситаҳои нақлиёти воридоташ ба марзи кишвар манъ гаштаро ба расмияти гумрукӣ даровара буд.

Соли 2020 ба ҳудуди шимолии Тоҷикистон 18 ҳазору 659 адад воситаҳои нақлиётӣ гуногунтамға бо арзиши гумрукии 71 миллиону 823 ҳазору 670 доллари амрикоӣ ворид шудааст. Ин шумора соли 2019 ба 16 ҳазору 541 адад ва арзиши гумрукӣ 83 миллиону 862 ҳазору 997 доллари амрикоӣро ташкил медод. Ҳарчанд шумори мошинҳои воридгашта зиёд шудааст, вале бино ба иттилои мақомоти гумрук ин мошинҳо начандон гарон буда аз ин ҳисоб беш аз 12 миллион доллар арзиши гумрукӣ назар ба ду соли пеш кам гаштааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...