Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Бохтар: 47 млн доллар ва 8 созишнома - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Бохтар: 47 млн доллар ва 8 созишнома

16
16

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар имрӯз, 9 июн аввалин Форуми байниминтақавии тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кор оғоз намуд. Ин Форум бо садорати муовини  аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, муовини сарвазир, вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати берунии Ӯзбекистон Сардор умурзоқов, раиси вилояти Хатлони Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов баргузор мешавад.

Барои иштирок дар кори он ҳудуди 175 нафар соҳиборону роҳбарони як қатор сохторҳои давлатии Ӯзбекистон ба шаҳр омаданд. Меҳмонони кишвари ҳамсояро муовини аввали раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода пешвоз гирифт.

Дар ҷараёни кори форум қарордодҳо дар бораи амалисозии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ва созишномаҳои тиҷоратӣ баррасӣ мешаванд, ки аз рӯйи натиҷаҳои чорабинӣ имзояшон дар назар аст.

Аз ҷумла дар назар аст, ки лоиҳаҳои сармоягузорие чун:

Созишнома 22 миллиондолларӣ дар мавриди ҳамкорӣ барои таъсиси корхонаи муштарак байни ҶСК “АЛЮМИНСОХТМОН”-и Тоҷикистон ва ҶДММ “АВТОСАНОАТ ИНВЕСТ”-и Ӯзбекистон;

– Нияти ҳамкорӣ (2 млн доллар) дар бахши роҳандозии истеҳсоли трансформаторҳо байни ҶСК “Трансформатор”-и Тоҷикистон ва ҶС “ЧТЗ”-и Узбакистон;

– Ёддошт дар бораи нияти амалсиозии лоиҳа (2,5 млн доллар) байни ҶДММ “Авесто Групп” ва ҶДММ “Artel Engineering and Management”;

– Созишнома дар бораи фаъолияти муштарак (3 млн доллар) байни ҶДММ “АВАС ИНЖИНИРИНГ” ва BMB TRADE GROUP, 

– Ёддошти ҳусни тафоҳум байни ҶДММ “Тоҷиксемент” ва ҶС “Узмедкомбинат”, Қарордоди таҳвили масолеҳи сохтмон ба Ӯзбекистон (11,5 млн доллар) байни ҶДММ “Оҳангудозии Тоҷикистон” ва ҶДММ “Баракот Хадйяд”, 

Қарордодҳои чаҳорчӯбӣ дар мавриди бунёди гармхонаҳо (6,5 млн доллар) байни Агентии захираҳои давлатии назди ҳукумати ҶТ ва Агентии рушди боғдорӣ ва хоҷагии гармхонаҳои Ӯзбекистон ва Қарордоди чаҳорчӯбӣ дар мавриди бунёди 10 гектар боғҳои муосири интенсивӣ (1,15 млн доллар) байни ҳамин ду ниҳод,

ба имзо бирасанд.

Интизор меравад, ки ҳайати кишвари ҳамсоя аз минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара” ва “Панҷ” боздид хоҳад кард.

Изҳори итминон мешавад, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба иҷрои ҳадафи гузошташуда – дар ояндаи наздик то ба 1 млрд доллар расонидани савдои дуҷониба байни кишварҳо имкон медиҳад.

ГАЛЛЕРЕЯ (13)













Ёдрас мекунем, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 10-11 июн бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...