Чин бо сармояи 2 миллион доллар дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, нахустин Маркази таълимии кӯҳию металлургиро месозад.
Дар ин бора миёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи касбӣ-техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоуи Чин созишнома ба имзо расидааст.
Зайниддини Насриддин, муовини ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт дар асоси созишнома қарор аст як маркази панҷошёнаи таълимӣ муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизот ва як хобгоҳи баландошёна бунёд шавад, ки барои такмили ихтисоси беш аз ду ҳазор нафар кормандони корхонаҳои саноатӣ-кӯҳӣ пешбинӣ шудааст.
“Вазифаи ин марказ аз таълим ва бозомӯзии кормандони корхонаҳои саноатии кишвар исборат хоҳад шуд. Ва ҳоло корҳои лоиҳакашӣ идома дорад. Дар ин марказ нусхаи хурди дастгоҳ ва равандҳои истеҳсоли соҳавӣ ҷой дода мешавад, ки кормандони корхонаҳои саноатӣ дар он такмили ихтисос мекунанд. Муаллимони соҳавӣ асосан аз Чин ва дигар давлатҳо омада таълим медиҳанд”,-мегӯяд Насриддин.
Маросими имзои ин созиш, дирӯз ба таври маҷозӣ сурат гирифт, ки дар он намояндаи доимии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Наргиса Шамсиева, муовини раиси шаҳри Бӯстон Хуршед Сатторзода ва аз сӯйи Чин роҳбарони бахши соҳаи маориф, ректори Донишкадаи касбӣ-техникии захираҳо ва муҳити зист ва сардори иттиҳодияи металургони Ланчжоу иштирок кардаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.