spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Пулҳои пасандозгузорони “Агроинвестбонк”-ро каме дертар медиҳанд

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз амонатгузорону пасандозгузорони бонки дар ҳоли барҳамхӯрии "Агроинвестбонк" хоҳиш кардааст, ки барои бозпас гирифтани амонатҳояшон "каме сабр" кунанд ва ваъда додааст, ки рӯзҳои наздик ба пардохти амонатҳо оғоз мекунанд.  

Бояд гуфт, ки бозпас додани амонатҳои пасандозгузорони бонки дигар дар ҳоли барҳамхӯрии "Тоҷиксодиротбонк" рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта оғоз шуд, ки ба онҳо дар зербахшҳои "Ориёнбонк" пулҳояшонро медиҳанд. 

«Бо дар назар гирифтани шумораи зиёди амонатгузорони ҶСК «Агроинвестбонк» (бештар аз 27,0 ҳазор. нафар), Хазина тафтиши пурраи омода кардани рӯйхати амонатгузоронро анҷом дода, дар марҳила ба итмом расонидани корҳои лозимии омода карлани чораҳои  омодагиву техникии бонк-агент аст. Дар робита ба ин, Хазина бо эҳтиром аз ҳамаи амонатгузорони ҶСК "Агроинвестбонк" хоҳиш мекунад, ки сабр кунанд ва дарк кунанд – таърихи пардохти амонатҳо муайян ва рӯзҳои наздик эълон карда мешавад",-гуфта мешавад дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки барои пардохти ҳамаи амонатгузорони ҳар ду бонки дар ҳоли барҳамхӯрӣ 215,0 миллион сомонӣ зарур аст, ки 67% ҳаҷми умумии маблағҳои захиравии Хазинаи ҷуброни суғуртаро ташкил медиҳад. 

Дар ин Хазина мегӯянд, ки маблағҳо барои бозпас гардонидани амонатҳои мардум басандаанд. Гуфта мешавад, ки ба ҷуз "Ориёнбонк" ҳамчунин "Амонатбонк" низ ба унвони бонк-агент ворид карда мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...