Вазорати кишоварзии вилояти Челябински Русия намояндагони доираҳои расмӣ ва кории Тоҷикистонро ба намоишгоҳи “Агро-2021” даъват карда, дархост намуд, ки дар ин намоишгоҳ-ярмарка гӯшаи миллии худро муаррифӣ кунанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург.
Дар ин хусус чанде пеш консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода ва муовини вазири кишоварзии вилояти Челябиснк Инна Подшивалова суҳбат карданд.
“Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнами ҳамкориҳои байниминтақавиро дар бахшҳои кишоварзӣ ва сайёҳӣ бар асоси санадҳои дуҷонибаи мавҷудаи дахлдор баррасӣ карданд”, – хабар доданд аз консулгарии генералӣ.
Зикр шуд, ки намоишгоҳ-ярмаркаи бузурги агросаноатӣ дар минтақаи Урал “Агро-2021” маҳз чунин чорабинии муфид барои рӯнамоии маҳсулоти Тоҷикистон аст.
Қобили зикр аст, ки баргузории намоишгоҳ-ярмаркаи мазкур рӯзҳои 19-21 августи соли равон дар Челябинск дар назар буда, мавзуъҳои асосии он муносибатҳои тиҷоратии хориҷӣ ва содирот унвон шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.