spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Вазорати нақлиёт: “Барои боркашонӣ бо Афғонистон ҳеҷ монеъае нест”

Вазъияти ноамни сиёсӣ дар Афғонистон барои боркашонии байнулмилалии Тоҷикистон тариқи қаламрави ин кишвар монеъа шуда натавонист, изҳор дошт вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни нишасти хабарии имрӯза.

“Ба гунаи мисол, як рӯз пеш, 13 июл тариқи постгоҳи назоратии “Панҷи Поён” (Шерхон-Бандар) дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон 123 мошини боркаш гузаштанд, ки 51-тои он ба қаламрави Тоҷикистон ва 72 адади он ба қаламрави кишвари ҳамсоя ворид шуданд”, – иброз дошт ӯ.

Азим Иброҳим таъкид дошт, ки аз рӯйи ҳаҷми нишондиҳандаҳои ҳамлу нақл ин гузаргоҳ танҳо аз постгоҳи назоратии “Фотеҳобод” бо Ӯзбекистон дар ноҳияи Мастчоҳ поинтар қарор дошта, чанде пеш тариқи ин гузаргоҳ 130 мошини боркаш гузаштаанд (71 ба Ӯзбекистон ва 59 – ба Тоҷикистон).

Вазир зикр кард, ки барои гузаштани сарҳади Афғонистон боркашҳо маблағҳои муайяни ҳатмӣ пардохт мекунанд.

“Қаблан овозаҳо буданд, ки аз ронандагони мошинҳои боркаш сарҳадбонони афғон ғайррасмӣ (ғайриқонунӣ) маблағ мегиранд. Мегӯянд, ки ин мушкил ҳозир ҳал шудааст, лекин дар ин бора мо ягон ҳуҷҷати расмӣ надорем, ин танҳо дар сатҳи овозаҳо аст", – гуфт Азим Иброҳим.

Вазир ба ронандагони автомашинаҳои боркаш тавсия медиҳад, ки дар сурати пайдо шудани ягон хатар ба амнияти онҳо, аз вуруд ба қаламрави Афғонистон худдорӣ намоянд.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи гузашта ҷангиёни ҳаракати “Толибон” қариб ҳамаи қаламрави наздисарҳадиро бо Тоҷикистон, аз ҷумла гузаргоҳи “Шерхон-Бандар”-ро зери назорати худ гирифтанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Толибон дар Шерхон-Бандар раводиди Афғонистон барои ронандаҳои тоҷикро бекор кардаанд

Ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон начандон зиёд буда, соли гузашта 70,7 млн долларро ташкил дод, ки ба 1,5% аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон баробар аст.

Қисмати зиёди боркашонӣ тариқи қаламрави Афғонистон ба боркашонии транзитӣ аз/ба Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ рост меояд.

Маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон неруи барқ мебошад, ки қариб 60% аз ҳаҷми содироти соли гузаштаро ташкил дод.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, сарфи назар аз тасарруфи қаламравҳои наздисарҳадӣ аз ҷониби толибон, интиқоли барқ ба ин кишвар боздошта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...