Имкони пайвасти шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо роҳҳои оҳани вилояти Самарқанд аз ҷониби Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор дорад, хабар дод вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим.
Ӯ зикр кард, ки ин масъала дар ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникии кишварҳо ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Тошканд баррасӣ шудааст.
“Ин ҷо дар бораи сохтмони шохаи роҳи оҳан, ки маблағгузориаш аз ҳисоби соҳибкорони ҳар ду кишвар ба нақша гирифта шудааст, сухан меравад”, – иброз дошт вазир.
Ба гуфтаи ӯ, масъалаи асосӣ сари он аст, ки то чӣ андоза бо ин шоха равуои қатораҳо таъмин карда мешавад.
Азим Иброҳим таъкид дошт, ки дар назар аст ин роҳ ҳам барои боркашонӣ ва ҳам барои мусофиркашонӣ мавриди истифода қарор гирад.
Зимнан зикр шуд, ки ба гунаи мисол, аз ин роҳ сайёҳон барои боздид аз шаҳри қадимаи 5500-солаи Саразм истифода карда метавонистанд.
Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, дар лоиҳа сохтмони қитъаи роҳи оҳан аз шаҳри Панҷакент то истгоҳи роҳи оҳани Булунгур воқеъ дар ноҳияи ҳамноми вилояти Самарқанди Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.