Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон сабаби болоравии нархи сӯзишвориро дар ҷумҳурӣ ба афзоиши қимати он дар кишварҳои истеҳсолкунанда ва коҳиши воридот вобаста ба он рабт медиҳад.
Зимни нишасти матбуотии имрӯза муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ Сафаралӣ Қурбонзода изҳор дошт, ки дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи 61,2 млн доллар 112,4 ҳазор тонна бензин ворид шудааст, ки 8,5 тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта моҳҳои январ-июни соли равон нархи миёнаи бензини воридотӣ ба андозаи 29,7% (аз 420 доллар то ба 545 доллар барои 1 тонна) боло рафт.
“Моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ арзиши бензини воридотӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин коҳиш ёфта, аз моҳи март боз афзуд. Ба ҳолати 12 июл нархи бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 8,70 то 9,50 сомониро ташкил дода, ҳозир дар бозори ин навъи сӯзишворӣ камбуд нест”, – гуфт Қурбонзода.
Маводу сӯзишворӣ, аз ҷумла бензину сӯзишвории дизелӣ (солярка) ва гази моеъро Тоҷикистон асосан аз Русия ва Қазоқистон, инчунин дар ҳаҷми начандон зиёд аз Ӯзбекистону Туркманитон ворид мекунад.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон 29 ширкати воридкунандаи маводи сӯзишворӣ ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, миёни ин ширкатҳо ҶДММ “Газпромнефт-Тоҷикистон” пешсаф буда, ҳудуди 40% аз ҳаҷми бензини воридотиро ба ҷумҳурӣ овардааст. Боз 11% аз ҳиссаи воридоти бензин ба кишвар ба ҶДММ “Сеганҷ” рост меояд.
Зикр гардид, ки тӯли 6 моҳ ба ҷумҳурӣ 261,7 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, аз ҷумла ба маблағи 74,9 млн доллар 1415 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 61 млн доллар – 112,5 ҳазор тонна бензин, 6,8 ҳазор тонна равғанҳои молиданӣ ва 971,7 тонна дигар маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.