Дар нимаи аввали соли 2021 Палатаи ҳисоби Тоҷикистон зимни санҷиши фаъолияти вазорату идораҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва бонку корхонаҳо ба маблағи 83,2 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуд.
Дар нишасти матбуотии имрӯз, 15 июл муовини раиси Палатаи ҳисоб Файзалӣ Аҳмадзода изҳор намуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешида 80,7 млн сомонӣ ба буҷети давлат баргардонида шуд.
Қонуншиканиҳо бештар дар паст нишон додан ва рӯйпӯш намудани пардохти андоз – 51,3 млн сомонӣ, хароҷоти ғайриқонунии пулӣ – 19,4 млн сомонӣ, аз ҳад баланд нишон додани ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмон – 7,5 млн сомонӣ ва камомади пулӣ – 2,7 млн сомонӣ ба мушоҳида расидааст.
Ғайр аз ин, ба гуфтаи Аҳмадзода, дар Бонки миллии Тоҷикистон ба маблағи 2,7 млн сомонӣ зиёни молиявӣ ошкор шуда, қариб ҳамаи маблағи зарар барқарор карда шудааст.
Зикр шуд, ки дар вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилот қонуншиканиҳои молиявӣ ба мисли беасос аз эътибор соқит кардани маблағ, қонуншиканиҳо зимни фурӯш ва ба иҷора додани амволи давлатӣ, пардохт нашудани фоида (дивиденд)-ҳои саҳмияҳои давлатӣ ва ғайра ба назар мерасанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.