spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Қариб ними ҷубронипулии амонатгузорони “Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк” пардохта шудааст

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд Хазина) иттилоъ медиҳад, ки аз санаи 02 июли соли 2021 раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони бонки барҳамдодашудаи ҶСК “Агроинвестбонк” мавриди амалӣ қарор дорад.

Ба иттилои сомонаи расмии Хазина, ҳудуди 37% пасандоздорони “Агроинвестбонк” то рӯзи душанбеи ҳафтаи равон аз ҳисоби Хазина ҷубронпулии ба онҳо муқарраршударо гирифтаанд.

Аз тарафи бонк-агент дар асоси феҳристи пасандоздорон барои пардохти ҷубронпулии суғурта ба 3 160 нафар пасандоздори муроҷиаткардаи ҶСК “Агроинвестбонк” ба маблағи 54,3 миллион сомонӣ, ки 37 фоизи ҳаҷми умумии маблағи ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳои шахсони воқеии бонки мазкурро ташкил медиҳад, пардохтҳо анҷом дода шудаанд.

Барои хизматрасонӣ ба пасадоздорони “Агроинвестбонк” 71 воҳиди “Амонатбонк” дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ амал мекунад.

Гуфта мешавад, аз 23 июн то 6 июл 55% аз маблағи умумии ҷубронпулии суғуртавӣ ба пасандоздорони дигар бонки барҳамёфта – “Тоҷиксодиротбонк”пардохта шудааст.

Тибқи ҳисоботи ҷории Хазина, аз тарафи бонк-агент дар асоси феҳристи пасандоздорон барои пардохти ҷубронпулии суғурта ба 1 974 нафар пасандоздори муроҷиаткардаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба маблағи 32,5 миллион сомонӣ, ки 55 фоизи ҳаҷми умумии маблағи ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳои шахсони воқеии бонки мазкурро ташкил медиҳад, пардохтҳо анҷом дода шудаанд.

Барои хизматрасонӣ ба пасандоздорони “Тоҷиксодиротбонк” 33 воҳиди “Ориёнбонк” дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ амал мекунад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бонки миллӣ мегӯяд дороиҳои "Тоҷиксодиротбонк" 3,1 ва аз “Агроинвестбонк” 25% бештар аз қарзҳояшон мебошанд

Мувофиқи қонунгузорӣ, ҷараёни пардохти ҷубронпулии суғуртавӣ дар муддати як сол аз замони фаро расидани ҳолати суғуртавӣ амалӣ мешавад.

“Аз ин рӯ, амонатгузорон дар ҳама гуна вақти барояшон қулай лар давоми сол то анҷоми расмиёти пардохт ба бонк-агентҳо муроҷиат карда метавонанд”, – таъкид доштанд дар Хазина.

Ёдрас мекунем, ки Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаҳои “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро 21 майи соли равон бозхонд кард. Шаш сол пеш ин бонкҳо қариб нисфи бозори бонкии кишварро ишғол мекарданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...