Қурби пули миллии Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи ҷорӣ муътадил боқӣ монд, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ).
Гуфта мешавад, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА дар ин давра танҳо 0,2 фоиз коҳиш ёфт (аз 11,3000 то ба 11,3210).
Зикр мегардад, ки нишондиҳандаи мазкур дар муқоиса ба соли гузашта 6,2 банди фоизӣ кам мебошад.
“Сарфи назар аз таъсири мавҷи навбатии сироятии пандемияи коронавирус (COVID-19) ва дигар омилҳои тағйирёбанда, Бонки миллии Тоҷикистон тавонист сиёсати қурбии худро нигоҳ дорад”, – омадааст дар хабар.
Дар бораи аз ҷониби Бонки миллӣ рӯйи даст гирифтани маҳз кадом тадбирҳо ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани қкрби сомонӣ маълумот дода намешавад.
Лекин бо назардошти воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон, ин натиҷа дар навбати аввал тариқи дахолат ба бозор ба воситаи ворид намудани асъор ба он (интервенсияи асъорӣ) ё аз гардиш гирифтани миқдори муайяни пули миллӣ ба даст оварда мешавад.
Ёдрас мекунем, ки дар 6 моҳи соли 2020 арзи миллӣ нисбат ба доллар ба андозаи 6,4% ва аз рӯйи натиҷаҳои соли гузашта – 16,6%: аз 9,69 сомонӣ барои 1 доллар то ба 11,3 сомонӣ беқурб шуд. Аз ин зиёдтар қурби пули миллии Тоҷикистон танҳо соли 2015 – ба андозаи 34% коҳиш ёфта буд.
Беқурбшавии соли гузаштаи сомонӣ дар натиҷаи тасҳеҳи дукаратаи қурби БМТ, ки “бартараф намудани фарқият миёни қурби расмӣ ва ғайрибонкӣ (бозори сиёҳ)” шарҳ дода шуд, сурат гирифт.
Ба сурати умум, аз 1 январи соли 2001 то имрӯз қурби сомонӣ нисбат ба доллар 5,1 баробар: аз 2,2 сомонӣ то ба 11,32 сомонӣ коҳиш ёфт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.