spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Тоҷикистон бештар ба бахши энергетика сармоягузорӣ шудааст

То 1 июли соли равон дар Тоҷикистон 74 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор дорад. Маблағи умумии лоиҳаҳо 38,1 млрд сомониро ташкил медиҳад.

Зимни нишасти матбуотии имрӯз, 28 июл раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Саъдӣ Қодирзода изҳор намуд, ки ин миқдор маблағ сармоягузорӣ ба бахшҳои энергетика (969 млн сомонӣ), нақлиёт (632 млн), маориф (ҳудуди 103 млн), тандурустӣ (148 млн), Хоҷагии манзилию коммуналӣ (160 млн), кишоварзӣ (105 млн сомонӣ) ва дигар соҳаҳои иқтисод равона шудааст.

Нимсолаи аввал ба рушди иқтисоди Тоҷикистон 276,3 млн доллар сармоягузории хориҷӣ ворид шудааст, ки 99 млн доллар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Сармоягузорони туркро барои роҳандозии тиҷорат дар Тоҷикистон даъват карданд

“Аз ҷониби Чин ба маблағи 104 млн доллар, Люксембург – 66,8 млн, Туркия – 13,5 млн, Швейтсария – 13,1 млн ва Арабистони Саудӣ – 10,6 млн доллар сармоягузорӣ сурат гирифт”, – иброз дошт раиси Кумита.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Кумита, сармоягузориҳои Туркия ва Швейтсария, инчунин Чин дар ҳаҷми 89,1 млн доллар сармоягузориҳои мустақим буда, ба рушди саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва саноати коркард равона шудааст.

Қодирзода инчунин зикр кард, ки тӯли 6 моҳи соли 2021 дар ҷумҳурӣ 20 ҳазору 582 субъектҳои нави соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуда, акнун шумори чунин субъектҳои хоҷагидорӣ дар кишвар 341,1 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...