spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Имон интернешнл” ва қазияи маблағи хариду фурӯши саҳмияҳо

Дар шаҳри Хуҷанд аъзои нави раёсати роҳбарикунандаи ТАҚХ “Имон интернешнл” муаррифӣ гардид. Моҳи июн саҳмияҳои Фонди қарздиҳии “Имон” ба чанд бонку муассисаҳои байналмиллалии молиявӣ фурӯхта шуд ва дар пайи он аъзои раёсати ин ташкилот низ иваз гардид.

Зимни як нишаст ба рӯзноманигорон раиси шӯрои нозирон Александр Ерёмин, раиси раёсат Андрей Палка ва се аъзои дигари раёсат Баҳодур Акбаров,  директори амалиётӣ, Назир Муллобоев, директори рушди тиҷорат  Ғайрат Ибрагимов директори молиявии ин ташкилотро муаррифӣ карданд.

Муаррифии аъзои нави раёсати “Имон интернешнл”  дар ҳоле сурат гирифт, ки бино ба таҳқиқоти журналистии Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) саҳмияҳои "Имон интернешнл" ба таври як амалиёти печидаву шубҳанок аз дасти муассисони қаблияш ба маблағи арзонтар харидорӣ шудааст.

Аммо Александ Ерёмин дар ҳузури рӯзноманигорон ин таҳқиқотро бепоя хонд ва гуфт саҳмияҳои Фонди қарздиҳии “Имон”-ро он бонку муассисаҳои байналмиллалии молиявие харидорӣ карданд, ки аз соли 2008 саҳмдори ширкат буданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ гуфт дар асоси созишнома саҳмияҳоро Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР), Бонки рушди соҳибкории Ҳолланд (FMO) ва Фонди Alternative (идора ва намояндагӣ аз ҷониби “Mikro Kapital”) харидорӣ карданд.

”Хариду фурӯши саҳмияҳоро Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи андоз ва Хадамоти зиддинҳисорӣ низ санҷида буданд. Аз ин рӯ касеро дар анҷом додани амалиётҳои ношафоф айбдор кардан номумкин мебошад.” – гуфт Александ Ерёмин.

Ӯ рӯшан нагуфт, ки саҳмияҳои "Имон"-ро чӣ миқдор маблағ харидорӣ карданд. Вале гуфта шуд, онҳо аз солҳои тӯлонӣ саҳмдори  “Имон интернешнл” буданд ва дар ин раванд ягон хилофкориҳо нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Радиои Озодӣ “ширкати Mikro Kapital, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Бонки рушди соҳибкории FMO-и Ҳолланд ба сурати умум 43,5 дарсади саҳмияҳои Imon International-ро, ки дар дасти саҳҳоми асосии он – Фонди хурди қарздиҳии "Имон" буд, ба 5,4 миллион доллар хариданд”.

Александ Ерёмин афзуд, саҳмдорон аз ин ба баъд барои рушду пешрафти ин ташкилот талош мекунанд ва сиёсати молиявии мавҷуда ва пешбурди барномаҳои қаблиро идома медиҳанд.

Гуфта шуд, ки  Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба “Имон интернешнл” 4 миллион доллар қарз ҷудо кардааст ва он низ барои амалишавии ҳадафҳои ташкилот ва беҳтар гардидани фазои маблағгузорӣ равона хоҳад шуд.

Назир Муллобоев, яке аз аъзоёни раёсати “Имон интернешнл”  гуфт, ки БАТР, Бонки рушди соҳибкории Ҳолланд (FMO) ва Фонди Alternative саҳмияҳои Гулбаҳор Маҳкамова ва Санавбар Шарифоваро нахаридаанд. Онҳо танҳо саҳмияҳои Фонди хурди қарздиҳии "Имон"-ро хариданд. Ӯ афзуд “Гулбаҳор Маҳкамова ва Санавбар Шарифова саҳмдорони “Имон интернешнл” боқӣ мемонанд.”

“Имон интернешл" дар Тоҷикистон яке аз ташкилотҳои фаъоли қарзӣ маҳсуб меёбад, ки соли 2005 аз ҷониби Гулбаҳор Маҳкамова ва Санавбар Шарифова созмон ёфта буд.  Ин ташкилот асосан дар оғоз бо тарҳҳои махсус занони соҳибкорро дастгирӣ мекард ва аъзои нави раёсат мегӯяд, сиёсати молии пеш гирифтаи ин ду зани тоҷикро идома медиҳанд.

“Имон интернешл" дар 48 шаҳру навоҳии Тоҷикистон шабакаҳои васеъи нуқтаҳои хизматрасонӣ дорад, ки ба беш аз 300 ҳазор муштарӣ дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...