“Қабули Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав моҳҳои наздик ба нақша гирифта шудааст”, – хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯз, 30 июл раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода.
Ба гуфтаи вай, ин санад дар ҳоли ҳозир дар шакли лоиҳа аст, ки дар сатҳи ҳукумат баррасӣ мешавад.
Давлатзода гуфт, дар Кодекси нав тағироти зиёде пешбинӣ шудааст, ки ба коҳиши сарбории андозсупорандагон равона шудааст.
Роҳбари Кумита таъкид дошт, ки тағйирот дар меъёрҳои қонунгузории андоз дар аввал ҳатман ҳаҷми воридоти андоз ба буҷетро коҳиш медиҳад, аммо дар давраи миёнамӯҳлат даромад афзоиш меёбад.
"Ҳадафи мо дар пешниҳоди имтиёзҳо ва ба ин васила таъмини рушди истеҳсолот, афзоиши шумори андозсупорандагон, пайдо шудани сарчашмаҳои нави андозситонӣ ифода меёбад", – илова кард ӯ.
Моҳи майи соли 2019 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо назардошти манфиатҳои субъектҳои соҳибкорӣ, пеш аз ҳама истеҳсолкунандагон, лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав омода карда шавад.
Қарор буд, ки ин санад дар миёнаҳои соли 2020 қабул карда шавад, аммо пандемия монеъа шуд, ки вазъи молиявӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро ба таври назаррас тағйир дод. Дар робита ба ин, ба таҳиягарони Кодекс лозим омад, ки баъзе меъёрҳои санадро бозбинӣ кунанд.
Дар лоиҳаи санад тағйирот ва навовариҳои зиёде дар қонунгузории андоз пешбинӣ шудааст, аммо на ҳама тағйирот дарҳол пас аз қабули Кодекси нав мавриди амал қарор мегиранд. Ба нақша гирифта шудааст, ки меъёрҳои нав тӯли якчанд сол марҳила ба марҳила истифода шаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.