spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Вазорати рушди иқтисод: ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 16,6 млрд сомонӣ гузашт

Дар нимсолаи аввали соли 2021 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и номиналии Тоҷикистон ба 39,9 млрд сомонӣ расида, афзоиши воқеии он 8,7 фоизро ташкил дод. Ин нишондиҳандаи баландтарин дар 5 сол буда, аз ҳисоби соҳаи саноат ба даст омадааст.

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода зимни нишасти матбуотии имрӯз, 2 август изҳор намуд, ки рушди ММД аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли саноатӣ 23,4% (9,2% дар ҳамин давраи соли гузашта), бахши кишоварзӣ 8,1% (8,2%) ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба андозаи 22,1% таъмин карда шуд.

"Нимаи аввали соли 2021 дар соҳаи саноат 78 корхона ба истифода дода шуд, ки дар онҳо 963 ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуд. Дар натиҷаи чораҳои андешида истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳаҷми умумӣ аз 16,6 миллиард сомонӣ гузашт, ки 23,4% зиёдтар аз нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта ва нишондиҳандаи баландтарин дар 5 соли охир аст ", – гуфт вазир.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Шералӣ Кабир технологияҳои блокчейнро ояндаи иқтисоди Тоҷикистон медонад

Ба гуфтаи Завқизода, сатҳи таваррум дар давраи январ-июни соли ҷорӣ 3,9%-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст.

Зикр шуд, ки, ин тамоил асосан ба тағйири нархи маҳсулоти хӯрокворӣ (5,1%), маҳсулоти ғайриозуқа (3,1%) ва хизматрасонии пулакӣ (1,6%) вобаста аст.

Истеҳсоли нерӯи барқ ​​10 068,9 млн кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 1,7% камтар аст.

Сабаби нисбатан кам истеҳсол шудани нерӯи барқ ​​дар нерӯгоҳҳои барқӣ – 11% кам шудани хароҷоти оби рӯдхонаи Вахш дар моҳҳои январ-марти соли равон мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...