Ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ 3 млрд 550 млн долларро ташкил дод, ки 44,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президент, тӯли 7 моҳи соли равон ба маблағи ҳудуди 1 млрд 333 млн доллар молу маҳсулот ба хориҷи кишвар бароварда шудааст, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ-апрели соли гузашта қариб ду баробар зиёдтар мебошад.
Дар сохтори содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон фулузот (металл) ва сангҳои қиматбаҳову нимақиматбаҳо аз нисф зиёд (53%)-ро ташкил медиҳанд. Ин маҳсулот ба маблағи умумии 709 млн доллар содир карда шудааст, ки 2,3 баробар бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.
Воридоту молу маҳсулот дар ин давра ба маблағи 2 млрд 218 млн доллар сурат гиифтааст, ки 27% зиёдтар дар муқоиса бо 7 моҳи соли гузашта мебошад.
Афзоиши ҳаҷми воридот асосан аз ҳисоби зиёдшавии воридоти мошин ва таҷҳизот ба андозаи 2,1 баробар ба вуҷуд омадааст.
Қобили зикр аст, ки дар давоми моҳҳои январ-июди ҳамин сол Тоҷикистон бо 112 кишвари дунё муомилоти додугирифти молу маҳсулот анҷом додааст.
Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Швейтсария мебошад, ки ҳаҷми гардиши савдои Тоҷикистон бо ин кишвар ба наздики 723 млн доллар баробар шудааст.
Маблағи савдои дуҷониба бо Қазоқистон – 643 млн доллар, Русия – 640 млн, Чин – 452 млн ва Ӯзбекистон – 243 млн долларро ташкил додааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.