Дар ин хусус вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ширкати чинии «China State Construction Xinjiang Construction Engineering Group Co.» Ма Йоунг шартнома ба имзо расониданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, Азим Иброҳим аз ҳамкориҳои густурда дар соҳаҳои мухталифи Тоҷикистону Чин ёдовар шуда, ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати мазкур бо сифати баланд ва сари вақт ба анҷом хоҳанд расид.
Корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингарди мазкур ду қитъаро фаро мегирад: Ҳулбук-Темурмалик ва Темурмалик-Кангурт. Масофаи умумии роҳ 60 километр ва паҳноиаш – аз 7 то 12 метрро ташкил медиҳад.
Мутобиқи лоиҳа, дар ин қитъа корҳои бунёди обу корез, 25 қубурҳои обгузар, наҳрҳои оҳану бетонӣ дар ду канори роҳ, сохтмони деворҳои муҳофизатӣ, 8 пул, хатҳои уфуқӣ, гузоштани аломатҳои роҳ ва сохтмони дигар иншооти зерсохтори он пешбинӣ шудааст.
Лоиҳаи тармиму таҷдиди роҳи мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт аз ҳисоби гранти Бонки осиёии рушд бо маблағи умумии 67,49 млн. доллари ИМА ва 5,44 млн. доллар ИМА саҳми Тоҷикистон иҷроӣ карда мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.