spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон тариқи низомҳои пардохт 10,8% афзуд

Бонки марказии Русия ҳаҷми интиқоли фаромарзии маблағҳоро, ки тариқи низомҳои пардохт тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ сурат гирифтаанд, нашр кард.

Ҳаҷми умумии интиқоли маблағ ба Тоҷикистон дар ин давра 752,4 млн долларро ташкил додааст, ки 10,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Давоми моҳҳои январ-июни соли 2020 тариқи низомҳои пардохт ба ҷумҳурӣ ҳудуди 679 млн доллар фиристода шуда буд.

Интиқоли пул тавассути низомҳои пардохт дар семоҳаи дуюми соли равон аз 327,9 млн доллар то ба 424,5 млн доллар боло рафтанд.

Ҳаҷми як интиқоли пул дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ҳисоби миёна 139 доллар ва дар семоҳаи дуюм – 154 долларро ташкил додааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Соли 2020 интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон аз се як ҳиса кам шудааст

Байни кишварҳои узви ИДМ дар муқоиса бо Тоҷикистон дар ин давра аз Русия танҳо ба Ӯзбекистон зиёдтар – ҳудуди 1,3 млрд доллар маблағ фиристода шудааст.

Дар ин давра аз Русия ба Қирғизистон каме бештар аз 460 млн доллар маблағ интиқол дода шудааст.

Ёдрас мекунем, ки аз моҳи декабри соли 2019 чунин интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон тавассути Маркази миллии протссесингӣ оид ба интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб сурат мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...