spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

БҶ: Хориҷиён ба Тоҷикистон на барои “муҳити хуби корӣ”, балки барои ашёи хоми маъдан меоянд

Афзоиши устувори вуруди сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон имсол аз беҳтар шудани фазои тиҷорат дар кишвар шаҳодат намедиҳад, балки ба гумони ғолиб таваҷҷӯҳи дубораи сармоягузорони хориҷиро ба саноати истихроҷи кӯҳӣ нишон медиҳад, гуфта мешавад дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) таҳти унвони “Иқтисод барқарор мешавад, мушкилот боқӣ мемонанд” (Экономика восстанавливается, сложности остаются).

Дар гузориш зикр мегардад, ки дар нимаи аввали соли 2021 вуруди сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон пас аз таназзули соли гузашта 43% афзоиш ёфт.

“Аз се ду ҳиссаи сармояи мустақими хориҷӣ, ки имсол ба ҷумҳурӣ ворид шуданд, ба саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ рост омада, нишондиҳандаи соҳаҳои нақлиёту сохтмон дар ин смат хеле поинтаранд (6-7%)”, – омадааст дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ.

Гуфта мешавад, аз чор се ҳиссаи тамоми сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аз ҷониби Чин аст.

“"Сармоягузорӣ аз Русия тақрибан то ба 7% аз ҳаҷми умумӣ поин рафта, аз рӯйи нишондиҳандаҳо дуюмин манбаи сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ аст”, – гуфта мешавад дар гузориши Бонк.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, соли 2020 ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон 162,5 млн долларро ташкил дод, ки 53% камтар аз нишондиҳандаи соли гузашта мебошад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бонки Ҷаҳонӣ: “Ба Душанбе вуруди муҳоҷирони "иқлимӣ" дар назар аст”

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 43,7 – то 118 млн доллар афзоиши сармоягузории хориҷии мустақим сабт шудааст.

Двавоми солҳои 2007-2020 ба иқтисоди Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз 65 кишвари саросари дунё зиёда аз 10,3 млрд доллар сармоягузории хориҷӣ ҷалб шудааст, ки ҳудуди 30%-и он ба Чин рост меояд.  

Пас аз аз Чин Русия (1,6 млрд доллар), ИМА (703 млн доллар), Британияи Кабир (694 млн доллар) ва Қазоқистон (577 млн доллар қарор доранд.

Сармоягузории Чин тақрибан дар ҳама бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон ба мушоҳида расида, ба соҳаҳои иктишоф ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, алоқа, сохтмон, хидматрасонии молиявӣ, электроэнергетика, зерсохтор, саноати кимиё ва нассоҷӣ, инчунин бахши кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ афзалият дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...