spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Халиқ Бонк” тасмими худро дар бораи тарки Тоҷикистон тағйир дод

Ташкилоти фаръии “Бонки халқии Қазоқистон” дар Тоҷикистон – “Халиқ Бонк Тоҷикистон” Бонки миллии Тоҷикистонро огоҳ намуд, ки тасмими худро дар бораи тарк кардани бозори миёнаравии молиявии Тоҷикистон муваққатан мавқуф мегузорад.

“ҶДММ “Халиқ Бонк Тоҷикистон” бо мактуб ба Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки бонк ба фаъолияти худ идома медиҳад”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Бонки миллӣ.

Дар ҳамин ҳол, дар мактуб ҳамчунин зикр мегардад, ки ин ташкилоти қарзии молиявӣ тасмим гирифтааст, ки масъалаи хотима бахшидан ба фаъолияти худро дар ҷумҳурӣ мавқуф гузорад.

Дар БМТ бар ин назаранд, ки маълумоти расонаҳо, ки тарки ташкилоти фаръии “Бонки халқии Қазоқистон”-ро аз Тоҷикистон ба санҷишҳои зиёди фаъолияти он рабт медиҳанд, беасос медонанд.

Дар хабарҳо зикр гардида буд, ки намояндагони Бонки миллӣ соли гузашта фаъолияти ин ташкилотро 15 маротиба санҷидаанд.

“Бонки миллии Тоҷикистон соли 2020 фаъолияти ҶДММ “Халиқ Бонк Тоҷикистон”-ро ҳамагӣ 2 маротиба санҷид, ки он ҳам санҷишҳои нақшавӣ буданд”, – гуфтанд дар БМТ.

Ёдрас мекунем, ки 4 августи ҳамин сол Бонки Халқии Қазоқистон қарори Шӯрои директорони ин бонкро дар бораи ихтиёран барҳам додани бонки фаръӣ дар Тоҷикистон – ҶСП "Халиқ бонк Тоҷикистон" эълон кард.

Дар эълон гуфта мешуд, "қарор дар бораи ихтиёран барҳам додани бонки фаръӣ дар Тоҷикистон дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолият ва дурнамои рушди бонки фаръӣ қабул карда шуд”.

Зикр гардида буд, ки мутобиқи принсипи стратегии рушди соҳаҳои бештар ояндадори тиҷорат, гурӯҳи Halyk тасмим гирифт, ки аз лоиҳа дар Тоҷикистон хориҷ шавад, то ки тамаркузи захираҳо ва саъю кӯшиши Гурӯҳро ба лоиҳаҳои самаранок ва фоидаовар бо иқтидори бузурги рушди минбаъда равона созад.

Маълумоти тарки бозори Тоҷикистон кардани ин бонкро муштариёнаш нохуш қабул карданд, зеро сифати хизматрасониҳои онро баланд арзёбӣ мекарданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Кумаки “Халиқ бонк Тоҷикистон” ба 2 муассисаи тиббӣ ба маблағи зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ

Баъдтар, аввали моҳи сентябр “Халиқ Бонк Тоҷикистон” хабар дод, ки ба фаъолият бо реҷаи муқаррари ва пешниҳоди тамоми хизматгузориҳои бонкӣ идома медиҳад, лекин зикр гардида буд, ки ҳамзамон дигаргуна ҷараёнгирии фаъолияти бонк дар ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Воҳиди “Бонки халқии Қазоқистон” дар бозори миёнаравии молиявии Тоҷикистон аз соли 2008 фаъолият дорад.

Тибқи маълумоти БМТ, ҳаҷми сармояи оинномавии “Халиқ Бонк Тоҷикистон” 34,4 млн сомонӣ (3 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Мувофиқи ҳисобот дар бораи вазъи молиявии “Халиқ Бонк Тоҷикистон”, фоидаи софи ташкилоти мазкур то 31 марти соли 2021 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 ба андозаи 36% –  аз 4,2 млн сомонӣ то ба 2,7 млн сомонӣ коҳиш ёфтаааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...