spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

БАОР: Даромади сокинони Тоҷикистон барқарор мешавад

Музди меҳнат ва интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон аломатҳои барқароршавиро нишон медиҳанд, гуфта мешавад дар гузориши моҳи октябри Бонки авруосиёии рушд (БАОР).

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки аз рӯйи натиҷаҳои моҳи июли соли равон музди меҳнати миёнаи воқеӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 19,9% зиёд шудааст.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар семоҳаи дуюми соли 2021 ба андозаи 8,4% афзудани интиқоли пул бо доллар (бори нахуст аз семоҳаи аввали соли 2020) ба қайд гирифта шудааст.

“Ҳарчанд нишондиҳандаҳои баланди афзоиши музди меҳнат ва интиқоли пул аксаран бо заминаи пасти муқоиса маънидод шаванд ҳам, онҳо инчунин амали омилҳои устувори мусбиро таҷассум мекунанд. Муҳимтарини онҳо дар сурати назардошти музди меҳнат, болоравии фаъолмандии иқтисодӣ дар кишвар мебошад”, – навиштаанд таҳлилгарони БАОР.

Афзоиши ҳаҷми интиқоли пулро ба Тоҷикистон онҳо ба болоравии фаъолмандии иқтисодӣ дар дигар кишварҳои минтақа, дар навбати аввал Русия ва Қазоқистон рабт медиҳанд.

Дар назар аст, ки дар муқоиса бо соли 2020 аз рӯи натиҷаҳои соли равон ҳаҷми интиқоли маблағ ба андозаи 13,8% зиёд шавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Муҳоҷирон акнун бо қарз ҳам ба ватан пул фиристода метавонанд

Иқтисодчиёни БАОР илова намудаанд, ки барқароршавии даромади аҳолии Тоҷикистон соли оянда низ идома ёфта, ҷараёни рушди иқтисоди Тоҷиистонро дастгирӣ мекунад.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Русия, ҳаҷми умумии интиқоли маблағ аз Русия дар ин давра 752,4 млн долларро ташкил дод, ки 10,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад.

Давоми моҳҳои январ-июни соли равон ба ҷумҳурӣ тариқи низомҳои пардохт ҳудуди 679 млн доллар маблағ ирсол шудааст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ, ки моҳи июли соли 2021 ба коргарони кироя пардохт шудааст, 1668,28 сомонӣ (148 доллар)-ро ташкил додааст.

Музди меҳнати ҳадди ақал (минималӣ) дар ҷумҳурӣ ба 400 сомонӣ (36 доллар) баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...