Шӯрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 18 октябр масъалаи тасдиқи Созишномаи моҳи июли соли ҷорӣ баимзорасидаро байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгашт баррасӣ намуд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, дар созишнома пешниҳоди кумаки бебозгашти ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 800 млн юани чинӣ (ҳудуди 125 млн доллар) барои сафарбаркунонии ҳайати коршиносони чинӣ ҷиҳати омодасозии лоиҳаи Асосноккунии техникӣ-иқтисодии қитъаи роҳи “Қалъаи Хумб – Ванҷ” дар роҳи мошингарди Душанбе – Кулма пешбинӣ шудааст.
Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, масофаи қитъаи роҳи “Қалъаи Хумб – Ванҷ” 80 километрро ташкил медиҳад.
Дар доираи корҳои таъмиру таҷдид дар ин қитъа сохтмони роҳи духатаи дараҷаи 3-юми техникӣ, ҳамчунин бунёди ду нақб (масофаашон 5,2 км), айвончаҳои муҳофизат аз тармафароӣ (галереяҳо) бо масофаи умумии 490 метр, 15 пул (масофаашон 634 метр) ва дигар иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин дар 19 мавзеи назди роҳ баргузории корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар масофаи 12,1 км ва бунёди дигар зерсохтори зарурӣ мутобиқи талабот ва меъёрҳои сохтмони роҳ ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон ин қитъа яке аз мавзеъҳои бештар душворгузари роҳи мошингарди Душанбе – Кулма маҳсуб меёбад.
Мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ, барои амалисозии лоиҳаи таъмиру таҷдиди ин қитъаи роҳ 228 млн доллар маблағгузорӣ зарур аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.