Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, омили аслии баландшавии нархи орд камбориш омадани сол ва кам шудани ҳосили гандум дар кишварҳои воридкунандаи гандум, аз ҷумла Қазоқистон мебошад. Онҳо ваъда додаанд, ки ба арзон нигоҳ доштани орд талош мекунанд.
Масъули Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст, Тоҷикистон танҳо 50-60 фоизи сокинони мамлакатро бо гандуми ватанӣ таъмин менамояд, боқимонда аз воридот вобастагӣ дорад.
Як моҳи охир нархи орд Тоҷикистон боло рафта, як халтаи 50 килограммии он ба 270-280 сомонӣ расидааст.
Тоҷикистон мегӯяд, гандуму орд ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон (беш аз 90%) ва Россия ворид карда мешаванд.
– Имсол бинобар камбориш омадани сол дар ин кишварҳо ҳосили гандум кам гардидааст, ки ин яке аз омилҳои асосии баландшавии нархи орд мебошад, – гуфтааст намояндаи Вазорати кишварзӣ.
Ба иттилои ин ниҳод, ба ҳолати 10 октябри соли равон дар мамлакат 684 ҳазору 419 тонна гандум истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 48 ҳазору 414 тонна зиёд мебошад. Талаботи солонаи бозори дохилӣ ба орд ҳудуди бештар аз 700 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аз 1 тонна гандум вобаста ба навъи он мутаносибан аз 500 то 900 килограмм орд истеҳсол карда мешавад.
Аз ҳукумати Тоҷикистон гуфтаанд, онҳо ҷиҳати пешгирии баландшавии нархи орду гандум, сӯзишворӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал нақшаи тадбирҳо тартиб дода, барои иҷрои онҳо вазорату идораҳои марбуттаи кишвар муваззаф гардидаанд.
Болоравии нархи орд, ки маҳсулоти аввалиндараҷаи ғизоӣ барои сокинони Тоҷикистон маҳсуб меёбад, тайи чанд моҳи охир дар ҳоли афзоиш аст.
Фақат орд нест, ки чанд моҳи охир нархаш боло меравад. Нархи сӯзишворӣ шурӯъ аз аввали сол баланд меравад. Мақомот сабаби гарон шудани маводи сӯхтро, гарон шудани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ гуфтанд. Баъди боло рафтани нархи сӯзишворӣ ва орд, акнун роҳкиро ҳам дар кишвар қимат мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.