spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Чин танҳо қисмате аз маблағи таъмири қитъаи калидии роҳи Душанбе-Хоруғро медиҳад

Вазорати адлияи Тоҷикистон дар портали иттилоотии ҳуқуқӣ матни созишномаро дар бораи аз ҷониби Чин ҷудо шудани кумаки бебозгашт дар ҳаҷми 800 млн юан (125 млн доллар) барои таъмиру таҷдиди қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷи роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Кулма нашр кард.

“Бо дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки бебозгаштро дар ҳаҷми 800 млн юани чинӣ барои пуркунии воситаҳои нокофии лоиҳа оид ба сохтмони майдонҳои қисмати калидии марҳилаи дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе – Кулма ва татбиқи лоиҳаҳои дигари басозишрасида пешниҳод менамояд”, – омадааст дар матни санад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Чин ба таҳияи лоиҳаи сохтмони роҳи “Қалъаи Хумб – Ванҷ” ҳудуди 125 млн доллар медиҳад

Тавре қаблан дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон шарҳ дода буданд, қитъаҳои калидии роҳи мазкур аз маркази ноҳияи Дарвоз то ноҳияи Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон мебошанд.

Ин қитъа ба он хотир калидӣ номида мешавад, ки хеле душворгузар буда, қисмати зиёди он тариқи шаху сангҳои бузург мегузарад.

Шӯрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 18 октябр масъалаи тасдиқи Созишномаи моҳи июли соли ҷорӣ баимзорасидаро байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгашт баррасӣ намуд.

Дар созишнома пешниҳоди кумаки бебозгашти ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 800 млн юани чинӣ (ҳудуди 125 млн доллар) барои сафарбаркунонии ҳайати коршиносони чинӣ ҷиҳати омодасозии лоиҳаи Асосноккунии техникӣ-иқтисодии қитъаи роҳи “Қалъаи Хумб – Ванҷ” дар роҳи мошингарди Душанбе – Кулма пешбинӣ шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Қобили зикр аст, ки маблағгузорӣ ба таҳияи Лоиҳаи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ (АТИ)-и чунин лоиҳаҳо садҳо маротиба камтар аз маблағи дар боло зикршуда (125 млн доллар) аст.

Таҳияи лоиҳаи АТИ ва иҷрои корҳои сохтмон буҷети алоҳида доранд. Барои таҳияи АТИ маъмулан ширкатҳои консалтингӣ ҷалб шуда, ба бунёди роҳ ширкати сохтмонӣ машғул мешавад.

Хароҷоти молиявии корҳои сохтмон, тавре дар боло гуфтем, садҳо маротиба аз хароҷот ба таҳияи АТИ зиёд мешавад.

Роҳсозии тӯлкашида

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон охири соли 2019 зимни ироаи паёми худ ба парлумон иттилоъ дод, ки корҳои таҷдиди роҳи автомобилгарди Қалъаи Хумб-Ванҷ бо арзиши лоиҳавии 2,2 млрд сомонӣ (226 млн доллар) соли 2020 оғоз мешаванд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ёдгор Файзов: Роҳҳои мошингарди ВМКБ дар 5 сол ба сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ намерасанд

Ӯ аз кори КВД “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашӣ-таҳқиқотӣ” изҳори норозигӣ намуда, қайд кард, ки “чор сол инҷониб барои таҷдиди роҳи Қалъаи Хумб-Ванҷ як лоиҳаи муносиб омода карда наметавонанд”.

Таҳияи лоиҳаи корҳои таъмиру навсозии ин қитъаи роҳи Душанбе-Хоруғро президент ҳанӯз моҳи январи соли 2015 супориш дода буд.

Соли 2020 бинобар хуруҷ ва паҳншавии сирояти коронавируси Covid-19 корҳо дар ин самт мавқуф гузошта шуданд.

Моҳи августи соли гузашта президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ изҳор дошт, ки корҳои таъмиру навсозии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ то охири соли 2020 оғоз мегарданд.

Лекин ба корҳои таъмиру навсозии қитъаи роҳи мошингарди Душанбе-Қулма, ки маркази маъмурии ноҳияи Дарвозро бо ноҳияи Ванҷ (то сарҳади ноҳияи Рӯшон) пайваст мекунад, 27 сентябр бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшида шуд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Оғози корҳои таъмиру навсозии қитъаи муҳимтарини роҳи Душанбе-Хоруғ-Қулма

Ин қитъаи масофааш 109 километр яке аз қисматҳои душворгузари роҳи мошингард шуморида мешавад. Дар назар аст, ки пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ масофаи он то 92 километр кам мешавад.

Дар доираи корҳои таҷдид дар ин қитъа сохтмони роҳи духатаи дараҷаи 3-юми техникӣ, ҳамчунин бунёди ду нақб (масофаашон 5,2 км), айвончаҳои муҳофизат аз тармафароӣ (галереяҳо) бо масофаи умумии 490 метр, 15 пул (масофаашон 634 метр) ва дигар иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Маблағи амалисозии лоиҳаи корҳои таъмиру таҷдиди ин қитъа тақрибан 200 млн доллар арзёбӣ мешавад.

Ғайриодӣ, лекин воқеист.

Роҳи мошингарди Душанбе Хоруғ дар қаламрави ВМКБ соли 1940 дар муҳлати рекордии сеюним моҳ сохта шуд.

Таърихшинос Ғафур Шерматов аз эҳтимол дур намедонад, ки дар саросари дунё дар муҳлати сохтмони роҳ чунин рекорд пештар вуҷуд надошт ва ҳатто имрӯз ҳам дида намешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ соли 1940, сохтмони роҳи Помир дар яке аз қитъаҳо

То соли 1940 аз Хоруғ ба Душанбе танҳо бо роҳи мошингарди 732 километр то Ош (Қирғизистон) ва сипас тавассути роҳи оҳан 1551 километр расида метавонистед.

Ҳанӯз солҳои 1932-1933 талошҳое барои сохтмони роҳи мустақими Душанбе-Хоруғ рӯйи кор омаданд, лекин бо сабаби ҳаҷми ниҳоят зиёди корҳо ва мавҷуд набудани заминаи моддӣ ва техникӣ,  ба натиҷае нарасиданд.

Ҳама молҳо тавассути ағбаҳои кӯҳӣву ҷариҳо бо пайроҳаҳои танг оварда мешуданд. Илова бар ин, ин пайроҳаҳо як қисми назарраси сол баста мешуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Роҳ ба Боми ҷаҳон – харитаи роҳи Душанбе-Хоруғ (Осорхонаи давлатии таърихи иҷтимоӣ-сиёсии Русия)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...