Ҳукумати Тоҷикистон барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ се соли наздик ба маблағи зиёда аз 1 млрд доллар қарзҳои хориҷӣ гирифтанист.
Дар ин бора дар Барномаи давлатии қарзҳои хориҷии ҶТ барои соли 2022 ва дурнамои нишондиҳандаҳо барои солҳои 2023-2024, ки бо қарори ҳукумат қабул ва ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон фиристода шудааст, сухан меравад.
Дар доираи Барнома соли 2022 ҷалби 292,8 млн доллар, соли 2023 – 360 млн доллар ва соли 2024 – 364,4 млн доллар қарз дар назар аст.
Дар санад зикр мешавад, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли ҷорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 230,2 млн доллар қарзҳо равона мешаванд.
“Тайи солҳои ахир ба туфайли талошҳои пайвастаи ҳукумат оид ба пардохти қарзҳо, инчнуин афзоиши устувори иқтисоди кишвар, вазъияти марбут ба қарзи хориҷӣ рӯ ба беҳбудӣ овард”, – таъкид мешавад дар Барнома.
Гуфта мешавад, то 1 октябри соли 2021 ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон 3,8 млрд долларро ташкил дод, ки ба 44,6%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст. Ҳаҷми қарзи хориҷӣ дар сохтори қарзи давлатӣ ҳудуди 3,3 млрд доллар ва қарзи дохилӣ – 500 млн долларро ташкил медиҳад.
Сандуқи қарз
Барномаи қарзҳои давлатии хориҷии Тоҷикистон айни замон аз 62 созишномаи қарзӣ, аз ҷумла 54 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 8 созишномаи қарзии дар марҳилаи лоиҳакашӣ қарордошта иборат аст.
Давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар доираи ин барнома ба маблағи ҳудуди 63 млн доллар 4 созишномаи қарзӣ имзо шудааст. Ҳамаи ин созишномаҳо бо Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ба тасвиб расидаанд.
Пардохти қарзи беруна давоми солҳои 2022-2024 ба маблағи 778,9 млн доллар, аз ҷумла соли 2022 – ба маблағи 243,5 млн, соли 2023 – 254,1 млн ва соли 2024 – ба маблағи 281,3 млн доллар дар назар аст.
Мададрасонони асосии Барнома Бонки осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Бонки исломии рушд мебошанд.
Қарзҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ дарозмуҳлат (20-40 сол) пешниҳод гардида, меъёрҳои фоизи он 0,75-2% ва давраи имтиёзноки баргардонидани маблағи асосии қарз аз 4 то 10 солро ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.