spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Барқарор кардани нуқтаҳои фурӯши гази табиӣ пули зиёд талаб мекунад

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон маълумоти ба ин ниҳод дахлдоштаро дар ВАО бобати дар ояндаи наздик барқарор намудани нуқтаҳои фурӯши гази табиӣ барои нақлиёти автомобилӣ рад мекунад.

Дар Хадамот зикр карданд, ки дарвоқеъ зимни мусоҳибаи чанде пеш ба шабакаҳои маҳаллии телевизион мутахассисони ин сохтор изҳор дошта буданд, ки яке аз тадбирҳои нақшаи чорабиниҳои ҳукумат оид ба муътадил кардани нархи чаканаи сӯзишвории автомобилӣ барқарор намудани нуқтаҳои фурӯши гази табиӣ ба автомашинаҳо мебошад, ки то соли 2012 амал мекарданд.

То қатъи интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон 10 сол пеш дар Тоҷикистон 53 чунин нуқта, аз ҷумла 30 нуқта дар Душанбе амал мекард.

Таъкид шуд, ки таҷҳизоти нуқтаҳои 10 сол пеш амалкунанда корношоям шуда, ӯро комилан иваз ва таҷҳизоти нав насб кардан лозим аст, ки ним миллион доллар нарх дорад.

Ҳамчунин дар Хадамот гуфтанд, лӯлаи интиқоли газро, ки нуқтаҳоро бо шоҳлӯла паваст мекард, низ иваз кардан зарур аст.

“Дар бораи барқарор намудани кори чунин нуқтаҳо замоне сухан гуфтан бамаврид хоҳад буд, ки соҳибкорони қодир ба хароҷоти он ба ин майлу хоҳиш пайдо кунанд. Алҳол чунин соҳибкорон нестанд”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” мутахассисони Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар Хадамот аз он изҳори тааҷҷуб намуданд, ки гӯё онҳо дар бораи таъмини нуқтаҳо бо гази табиии ватанӣ сухан гуфта бошанд.

“Шубҳае нест, ки дар Тоҷикистон гази табиӣ ҳаст, лекин барои истифодаи он дар нуқтаҳои фурӯш, онро аввал аз чоҳи хеле ҷуқури зери замин истихроҷ кардан лозим аст”, – иброз доштанд онҳо.

Ба гуфтаи онҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориро бо гази табиӣ метавон аз ҳисоби афзоиши интиқоли газ аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон таъмин намуд, лекин барои ин ҳам аввал бояд зербинои зарурӣ бунёд кард.

Қобили зикр аст, ки бинобар сабаби зиёни нисбатан камтар ба муҳити зист ва дар Тоҷикистон арзонии он, дар саросари ҷаҳон аз истифодаи гази табиӣ ба сифати сӯзишвории автомашина истиқбол мешавад. Нисбат ба дигар навъҳои сӯзишворӣ барои автомобилҳо гази табиӣ бамаротиб арзонтар мебошад.

Инчунин зикр шуд, ки баҳри ба эътидол овардани нархи чаканаи маводи сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ ҳукумат дигар чораҳоро низ пешбинӣ кардааст, аз ҷумла, тамдиди муҳлати иҷозатномаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 1 то 3 сол бидуни тағйири арзиши аслӣ, сабукшавии сарбории андоз тибқи Кодекси нави андоз аз 1 январи соли 2022, гуфтушунидҳо бо Туркманистону Эрон ва Қазоқистон дар бораи интиқоли маводи сӯзишворӣ ва дигар тадбирҳо.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нуқтаи фурӯши гази табиӣ барои автомобилҳо

Болоравии нархи сӯзишворӣ ва таъсири он ба қиматшавии дигар маҳсулотро дар Хадамот ба барқарор гардидани фаъолмандии иқтисодӣ дар ҷаҳон, афзоиши талабот ба маводи сӯзишворӣ ва болоравии нархи нафт, ҳатто дар кишварҳои содиркунандаи он рабт медиҳанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Гароншавии маводи сӯзишворӣ дар Душанбе идома дорад

Бино ба маълумоти расмии оморӣ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон гази моеъ ба андозаи 80%, бензин – 59,3% ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) – 43,1% қимат шуд.

Айни замон 1 литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе 7,50 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ – 11,50 сомонӣ ва навъи нисбатан арзони бензини АИ-92 – 11,30 сомонӣ нарх доранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аввали сол дар Душанбе 1 литр гази моеъ бо нархи 4,25 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ – 6,80 сомонӣ ва бензинаи АИ-92 – 6,50 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...