Нуқтаҳои фурӯши гази табиӣ, ки то соли 2012 дар Тоҷикистон амал мекарданд, аз ҷониби соҳибкорони ҷудогона таъмиру барқарор мешаванд.
“Ҳамаи онҳо ба ширкатҳои хусусӣ мутааллиқ буда, ҳозир онҳо ба таъмиру барқарор кардани нуқтаҳои фурӯши мавҷуда барои гази табиӣ машғуланд”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар яке аз ниҳодҳои масъули ин соҳа, ки нахостанд номи ниҳодашон зикр шавад.
Ба гуфтаи манбаъ, ин ҷо танҳо сари гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ сухан меравад, ки набояд мушкил бошад, зеро худи ҳукумат ба барқарор шудани ин гуна нуқтаҳои фурӯзи сӯзишворӣ манфиатдор аст.
Ғайр аз ин, зикр кард манбаъ, ҳозир Ширкати алюминии тоҷик ва баъзе корхонаҳои Тоҷикистон бо нархи қобили қабул бо гази табиӣ аз Ӯзбекистон таъмин мешаванд ва соҳибкорон низ ба мусоидати ҳукумат бо таъмии мунтазами гази табиӣ аз Ӯзбекистон бо ҳамон нархҳо барои Ширктаи алюминии тоҷик ниёз доранд.
Қобили зикр аст, ки корхонаҳои Тоҷикистон бо арзиши имтиёзноки 120 доллар барои 1 ҳазор метри мукааб аз Ӯзбекистон гази табиӣ мегиранд, ки аз нархҳои ҷаҳонӣ бамаротиб поинтар аст.
Манбаъ оғози фаъолияти нуқтаҳои фурӯши гази табииро аз аввали соли оянда пас аз имзои қарордод байни ширкатҳои газтақсимкуни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз эҳтимол дур намедонад, ки дар он ҳамроҳ бо дигар шартҳо, ҳаҷм ва арзиши сӯзишворӣ мувофиқа мешавад.
Бино ба маълумоти омори расмӣ, то қатъи интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон 10 сол пеш дар Тоҷикистон 53 нуқтаи фурӯши гази табиӣ, аз ҷумла 30 нуқта дар Душанбе амал мекард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.