Қимати сӯзишворӣ барои автомашинаҳо дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахти Тоҷикистон бори нахуст пас аз мунтазам болоравӣ шурӯъ аз моҳи июни соли ҷорӣ, поин рафт.
Аз оғози ҳамин ҳафта нархи чаканаи бензин (АИ-92) дар Душанбе ба андозаи 2,7%, сӯзишвории дизелӣ (солярка) – 2,6% ва гази моеъ – 4% паст шуд.
Айни замон дар нуқтаҳои фурӯш бензин 11 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ – 11,20 сомонӣ ва гази моеъ – 7,20 сомонӣ нарх доранд.
Як ҳафта пеш нархҳои бензин дар лавҳаҳои назди нуқтаҳо 11,30 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ – 11,50 сомонӣ ва гази моеъ – 7,50 сомонӣ зикр шуда буданд.
Аввали моҳи равон дар Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” изҳор дошта буданд, ки дар нимаи моҳи ноябр нархи маводи сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ ба эътидол омада, ҳатто ба андозаи муайян поинравии арзиши онҳо аз эҳтимол дур нест.
Ин пешгӯйии хушбинонаи худро онҳо чунин маънидод карданд, ки маъмулан дар мавсими зимистон бинобар сабаби камшавии талабот ба маводи сӯзишворӣ, қимати онҳо дар як сатҳ боқӣ мемонад ё ҳатто поин меравад.
“Арзиши онҳо маъмулан дар фасли баҳор ва тирамоҳ боло меравад”, – гуфта буданд дар Хадамот.
Гап сари он аст, кидар мавсими баҳору тирамоҳ бо сабаби фаъолшавии корҳо дар бахши кишоварзӣ, талабот ба маводи сӯзишворӣ афзуда, мутаносибан, нархҳо ҳам зиёд мешаванд.
Қобили зикр аст, ки гароншавии маводи сӯзишворӣ аз моҳи март оғоз гардида, ин тамоил қариб то охири моҳи апрел идома ёфт, лекин дар моҳи май вазъ дар бозор ба эътидол омада, нархҳо ҳатто каме поин рафтанд.
Тамоили нави афзоиши қимати маводи сӯзишворӣ дар моҳи июн оғоз гардида, то охири ҳафтаи гузашта идома ёфт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.