Муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук ҳайати ин кишварро дар ҳаштумин Конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия раҳбарӣ мекунад. Конфронс 30 ноябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлони Тоҷикистон баргузор мешавад, хабар медиҳад ТАСС.
Гуфта мешавад, дар конфронс масоили ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар бахши кишоварзӣ баррасӣ мешаванд.
Конфронси пешини ҳафтум рӯзҳои 16-17 ноябри соли 2019 дар Маскав баргузор шуда, дар кори он роҳбарони идораҳо, намояндагони минтақаҳо, сарварони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ширкатҳои Тоҷикистон иштирок карданд.
Дар чаҳорчӯби барномаи дурӯза мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар бахши кишоварзӣ, логистика, саноат, сармоягузорӣ ва тиҷорат, маориф ва фарҳанг баргузор шуданд.
Он замон конфронс дар доираи сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия доир гардида буд.
Дар чаҳорчӯби барномаи дурӯза мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои кишоварзӣ, логистика, саноат, сармоягузорӣ ва тиҷорат, маориф ва фарҳанг баргузор шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.