Зимни мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Русия Николай Шулгинов дар Маскав масоили бештар муҳими ҳамкории кишварҳо дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд.
Тавре маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ хабар медиҳад, мулоқот дар доираи сафари кории Далер Ҷумъа ба пойтахти Русия дар охири ҳафтаи гузашта доир гардид.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо “фароҳам овардани имкониятҳои истихроҷи нафту газ дар қаламрави Тоҷикистон”-ро баррасӣ карданд.
Доир ба ин масъала ҷузъиёти бештар зикр нашуда, лекин ба гумони ғолиб, ин ҷо дар бораи барқрор намудани ҷустуҷӯи нафту газ дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкати фаръии байнулмилалии «Газпром» – Gazprom International сухан меравад.
Ёдовар мешавем, ки Gazprom International дар ҷануб ва ғарби Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи нафту газ машғул буд, аммо дар қитъаҳои дорои иҷозатнома ба дарёфти захираҳои саноатӣ даст наёфт.
Собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода соли 2019 изҳор дошта буд, ки “Газпром” пешниҳод намудааст, ки корҳои ҷустуҷӯ дар шимоли ҷумҳурӣ идома дода шавад.
Он замон ӯ гуфта буд, ҷониби Русия пас аз омӯзиши муфассали аз лиҳози иқтисодӣ мақсаднок будани корҳои пешниҳодшуда тасмими мушаххас қабул хоҳад кард. Аммо, паҳншавии эпидемияи Covid-19 ин ниятҳоро ба муддати номуайян ба таъхир гузошт.
Сӯзишвории имтиёзнок
Вазирони энергетикаи ҳар ду кишвар инчунин масъалаи воридоти маҳсулоти нафту газ аз Русия ба Тоҷикистон ва як катор масоили ҳамкориҳои минбаъдаи ҳарду ҷонибро дар ин ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки тақрибан 90%-и талаботи Тоҷикистон ба маводи сӯишворӣ аз ҳисоби интиқоли имтиёзноки он аз Русия бар асоси созишномаи марбута, ки аз соли 2013 амал мекунад, таъмин карда мешавад.
Мақомоти энергетикии кишварҳо ҳамасола то 1 октябр ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтиро мувофиқа сохта, ин ҳаҷм соли минбаъда аз пардохти боҷи содиротии гумрукӣ озод мешавад.
Тоҷикистон соли 2021 ба мисли солҳои пешин ба воридоти имтиёзноки сӯзишворӣ аз Русия дар ҳаҷми 830 ҳазор тонна ҳуқуқ пайдо намуд. Лекин то соли ҷорӣ ҷумҳурӣ доимо аз ҳаҷми мувофиқашуда камтар мегирифт.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетикаи Русия, дар соли 2021 Тоҷикистон аз Русия бидуни пардохти боҷ 260 ҳазор тонна бензин, 310 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ (солярка), 50 ҳазор тонна гази моеъ, 40 ҳазор тонна сӯзишвории авиатсионӣ, 30 ҳазор тонна мазут, 40 ҳазор тонна битум ва 100 ҳазор тонна кокси нафтӣ ворид карда метавонад.
Тибқи омори расмӣ, тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи 278 млн доллар ҳудуди 450 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст. Ҳаҷми интиқол аз рӯйи миқдор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибани тағйир наёфта, лекин аз рӯи нарх қариб ба андозаи 30% афзудааст.
НБО “Сангтӯда-1”
Зимни вохӯрӣ дар Маскав ҳамчунин ба масоили марбут ба корхонаи муштараки “НБО Сангтӯда-1” низ таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.
Гуфта мешавад, кори ин неругоҳ бар асоси созишномаҳои байни ҳукумати кишварҳо баимзорасида танзим мешавад.
“Николай Шулгинов иҷрои шартҳои зарурӣ барои кори муътадили неругоҳ ва қарордодоҳои ду кишварро дар ин масъала муҳим арзёбӣ намуд”, – зикр мегардад дар хабари Вазорати энергетикаи Русия.
Ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар ин корхонаи муштарак 25% ҷамъи 1 саҳмия буда, боқимонда 75% тарҳи 1 саҳмия ба ширкатҳои Русия тааллуқ дорад.
Дар ҳамин ҳол, қарзи ширкати “Барқи тоҷик” ба неругоҳи “Сангтӯда-1” барои интиқоли барқ то 1 ноябри соли равон ба зиёда аз 2 млрд сомонӣ (ҳудуди 180 млн доллар) расидааст, зикр гардида буд дар иттилоияи неругоҳ.
Сатҳи пардохт барои барқи аз нерӯгоҳ гирифта аз ҷониби “Барқи тоҷик” ҳамагӣ ҳудуди 38%-ро ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.