Мизони таваррум дар бозори истеъмолии ҷумҳурӣ давоми моҳҳои январ-октябр 6,3%-ро ташкил дод.
Нархи маҳсулоти озуқаворӣ ба андозаи 5,3%, маҳсулоти ғайриозуқа – 6,6% ва таърифаҳои хидматрасонии пклакӣ ба аҳолӣ – 8,9% боло рафт, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ
Маҳсулоти озуқаворӣ:
– равғани растанӣ – 23,4%;
– маҳсулоти гӯштӣ – на 15,3%;
– сабзавот – 9,3%;
– орди гандум – 6,9%.
Маҳсулоти ғайриозуқа:
– гази моеъ – 1,8 баробар;
– бензин – 1,7 баробар;
– сӯзишвории дизелӣ – 55,9%;
– воситаҳои шустан – 0,5%.
Хидматгузории пулакӣ:
– хидматрасонии нақлиёти мусофирбар – 11,4%;
– хидматрасонии таҳсил – 7,8%;
– хидматрасонии тарабхона ва меҳмонхонаҳо – 3,7%.
Нишондиҳандаи таваррум барои соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) муқаррар шудааст. Дар соли 2020 низ дар ҳамин сатҳ болоравии нарху таърифаҳо дар назар буд, лекин аз рӯйи натиҷаҳои сол сатҳи таварруми рекордӣ тайи даҳ соли ахир – 9,4% ба қайд гирифта шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.