Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки беш 62%-и даромади буҷети давлатиро дар соли оянда аз ҳисоби андозҳо аз таъмин кунад.
Қисмати даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2022 дар ҳаҷми 33 млрд сомонӣ муқррар шуда, даромадҳо аз пардохти андоз ба маблағи 20,5 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳафтаи гузашта зимни қабули лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2022” дар палатаи поёнии парлумон зикр шуд, ки дар муқоиса бо соли равон ба андозаи 8,8% (1,7 млрд сомонӣ) зиёд кардани ҷамъоварии андоз ба нақша гирифта шудааст.
Таъмини афзоиши даромадҳо аз андоз дар навбати аввал аз ҳисоби андози асосӣ – андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) пешбинӣ шудааст, ки зиёда аз 40% ҳамаи андозҳо ба он рост меоянд.
Дар назар аст, ки соли 2022 ҳаҷми даромад аз ААИ 8,5 млрд сомониро ташкил хоҳад дод, ки 11% зиёдтар нисбат ба соли равон аст.
Мувофиқи буҷети қабулшуда, ҳаҷми даромад аз аксизҳо 852 млн сомониро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли равон 25,2% зиёдтар мебошад.
Дар соли 2022 афзоиши андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ (андози амалкунанда ба фоида) ба миқдори 22% ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ (андози амалкунанда аз даромад) ба миқдори 17% низ пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки аз 1 январ Кодекси андоз дар таҳрири нав мавриди амал қарор мегирад, ки дар он андоз аз даромад ва андоз аз фоида муттаҳид шуда, андозҳо аз даромад ном гирифтааст.
Лоиҳаи нави Кодекси андозро палатаи поёнии парлумон қабул карда, акнун он бояд аз ҷониби палатаи болоӣ тасдиқ ва аз тарафи президент имзо шавад.
Дар Кодекси нав дар маҷмӯъ 7 андоз пешбинӣ шудааст, ки 6-тоаш андози умумидавлатӣ ва 1-тоаш – андози маҳаллӣ мебошанд.
Феълан 8 андози умумидавлатӣ ва 2 андози маҳаллӣ пардохт мешавад.
Коҳиши шумори андозҳо ба воситаи муттаҳид кардани баъзе андозҳо амалӣ шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.