Мутобиқи талаботи Кодекси андоз аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон “Номгӯи хизматрасониҳои молиявӣ” дар таҳрири нав дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Кумитаи андози назди ҳукумат тасдиқ карда шуд.
Тавре шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, фармоиши вазири молия оид ба “Номгӯи хизматрасониҳои молиявӣ” дар Вазорати адлияи ҶТ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, пас аз интишори расмӣ дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз 22 ноябри соли 2021 мавриди амал қарор дода шуд.
Хидматрасониҳои молиявӣ хидматрасонии миёнаравии молиявӣ буда, аз ҷониби бонк, ташкилотҳои суғурта ва лизингӣ, ширкатҳои брокерӣ ва дигар ташкилотҳо расонида мешаванд. Хизматрасониҳои молиявӣ индустрияи бузургтарин аз рӯи даромад шуморида мешаванд.
Дар номгӯи нав хизматрасониҳои зерини молиявӣ зикр шудааст:
– амалиёти вобаста ба додани қарзҳо ва қарзҳои исломӣ ё маблағгузориҳои исломӣ;
– амалиёти вобаста ба идоракунии депозитҳо (амонат ё пасандоз, амонат ё пасандозҳои исломӣ), амонати сармоягузорӣ, ҳисоббаробаркуниҳо ва иҷрои дигар уҳдадориҳои қарзӣ;
– амалиёти вобаста ба муомилоти асъорӣ, воситаҳои пулӣ ва пулҳои коғазӣ (банкнотаҳо) ва тангаҳои филизӣ, ки воситаҳои қонунии пардохтӣ мебошанд;
– амалиёти вобаста ба муомилоти саҳмияҳо, вомбаргҳо, тасдиқномаҳо (сертификатҳо), векселҳо, чекҳо ва дигар коғазҳои киматнок, аз ҷумла когазҳои қиматноки исломӣ;
– амалиёти вобаста ба иҷрои шартномаҳои форвардӣ, своп, опсион ва созишномаҳо бо дигар воситаҳои молиявии ҳосила (деривативҳо);
– хизматрасонӣ вобаста ба идоракунии фондҳои сармоягузорӣ ва сармоягузории исломӣ тариқи аҳди “Музораба” ва “Мушорака”;
– амалиётҳои сугуртакунӣ аз рӯи шаклҳои суғурта, азнавсуғуртакунӣ, аз ҷумла суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва суғуртаи исломӣ (такофул);
– иҷораи молиявӣ ва иҷораи исломӣ;
– амалиётҳои дигар вобаста ба фаъолияти бонкдории исломӣ;
– хизматрасониҳо оид ба ташкили хизматрасониҳои дар зербандҳои (1-9) ҳамин номгӯй нишондодашуда.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.