Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб дар соли 2022 нисбат ба ҳаҷми айни замон амалкунанда ба андозаи 6,7% зиёд мешавад.
"Аз 1 январи соли 2022 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 64 сомонӣ муқаррар карда шавад”, – гуфта мешавад дар қонуни қабулшудаи буҷети давлатӣ барои соли 2022.
Ёдрас мекунем, ки айни замон ҳаҷми як нишндиҳанда барои ҳисобҳо 60 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо то соли 2019 дар ду сол як маротиба боло рафта, баъдан (солҳои 2019-2022) ҳамасола зиёд мешавад.
Ба ин тариқ солҳои 2015-2016 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 40 сомонӣ, 2017-2018 – 50 сомонӣ, 2019 – 55 сомонӣ, 2020 – 58 сомонӣ ва соли 2021 – 60 сомониро ташкил медод.
Аз соли 2008 нишондиҳанда барои ҳисоб ибораҳое чун “ҳаҷми минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималӣ (ҳадди ақал)”, “ ҳаҷми моҳонаи минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималии моҳона”-ро барои пардохти андозу боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва ҷаримаҳо иваз намуд.
Он замон дар ин бора қонуни дахлдор – “Дар бораи нишондиҳандаҳо барои ҳисоб” қабул шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.